Матни шеър аз шоир Халилулох Халили ин суруд солхои чанги шахрванди (1992-1997) эчод шудааст .Ичроиши суруд ва мусикии Субхони Саид
Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,
Дар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд.
Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд,
Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.
Хун медамад аз хоки шаҳидони Ватан, вой
Эй вой Ватан, вой!
Гулгункафанонро чи баҳору чи зимистон,
Хунинҷигаронро чи биёбон, чи гулистон.
Дар кишвари оташзада, дар хонаи вайрон,
Кас нест, занад бӯса ба рухсори ятимон.
Кас нест, ки дӯзад ба тани мурда кафан, вой
Эй вой Ватан, вой!
Аз синаи ҳар санги ту хун медамад имрӯз,
Аз хоки ту мастию ҷунун медамад имрӯз.
Он лола чӣ дида, ки нагун медамад имрӯз,
В-он сабза чаро зарду забун медамад имрӯз?
Сурх аст ба хун пову сари сарву суман, вой,
Эй вой Ватан, вой!
Эй барҳанапо, сарви сарафроз туӣ, ту,
Сардору сазовор ба ҳар ноз туӣ, ту.
Душманшикану фотеҳу сарбоз туӣ, ту,
Фармондаҳи ин хок зи оғоз туӣ, ту.
Ғайр аз ту касе нест дар ин марзи куҳан, вой,
Эй вой Ватан, вой!
Биштоб, ки дар бозӯи ту фарри худойист,
Дар гардиши чашмони ту анвори илоҳист.
Ойни ту фармондиҳию қалъагушоист,
Шамшери ту равшангари асрори самовист.
Торихи ту сабт аст ба ҳар кӯҳу даман
Эй вой Ватан, вой.
Ҷуз лолаи хунбор, ки рӯяд зи заминат,
Кас нест ниҳад гӯш ба фарёди ҳазинат.
Ҷуз номи худо нест дигар нақши нигинат,
Торих занад бӯсаи ибрат ба ҷабинат.
Ай кори ту зинатдиҳи эъсору заман вой
Эй вой Ватан, вой.
Қуръони худоро ба таҳи пошна суданд,
Бо доси ҷафо кишти умеди ту дуруданд.
Омехта бо заҳр фазои ту намуданд,
Осори гаронқадри туро ҷумла рабуданд.
Бар пову сари шер бубастанд расан вой,
Эй вой Ватан, вой
Не тоҷ ба кор оядат имрӯз, на авранг,
Не соҳиби сармоя, ки бо суди гаронсанг.
Хуни дили ту хурда ба сад ҳилаву найранг,
Кас нест, ки пирӯз шавад ҷуз ту дар ин ҷанг.
Эй бозуи размандаи занҷиршикан, вой,
Эй вой Ватан, вой!