Артиши режими саҳюнистӣ барои инҳирофи афкори умумӣ аз ҷиноятҳое, ки дар Ғазза анҷом медиҳад, аз таблиғоти ҷинсӣ барои низомиёни зани худ дар фазои маҷозӣ ҳимоят мекунад.
Веб-сайти Mintpress News таҳқиқеро мунташир кардааст, ки собит мекунад артиши режими саҳюнистӣ барои татҳири худ аз ҷиноятҳо ва наслкушии суратгирифта дар борикаи Ғазза ва дигар кишварҳои минтақа аз равишҳои ҷинсӣ баҳра мегирад.
Ин мақола тавзеҳ медиҳад, ки ин иттифоқ як падидаи худҷӯш нест, балки стратегияи расмӣ аст, ки тавассути кобинаи Исроил ҳимоят мешавад ва ҳадафи он мунҳариф кардани афкори умумӣ аз куштори наслкушӣ дар Ғазза бо тасовири иғвокунанда ва мӯҳтавои таҳрикомез аз низомиёни зани саҳюнист аст.
Дар ин мақола омадааст: режими саҳюнистӣ дар авҷи таҷовузгарӣ ва ҳамлаҳои мудовим ба ҳамсоягонаш, барои беҳбуди чеҳраи худ, мӯҳтавои таҳрикомези ҷинсӣ аз низомиёни зани худро ба намоиш мегузорад, то битавонад эҳсосоти мухотабони худро аз хашм аз ҷиноятҳои ҷангӣ ба шаҳват тағйир диҳад. https://tajikpress.com/2025/08/28/%d1%80%d0%be%d2%b3%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d0%bb%d0%b0%d0%b2%d0%b8%d0%b2-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b8%d0%bd%d2%b3%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%84%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d0%ba%d0%be%d1%80/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев