Сиёсатмадорон роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳарду ҷониб судманд дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.
Ба гузориши манбаъ:
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он баррасӣ шудааст.
Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хоси Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо ин кишвар таъкид намудааст.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст:
“Мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳимми худ медонем”.
Дар баробари ин, манбаъ афзуда, ки ҳарду ҷониб аз афзоиши ҳамкории судманд миёни ду кишвари дӯст изҳори қаноат намудаанд. https://tajikpress.com/2025/08/24/%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80-%d0%b2%d0%b0-%d0%b3%d1%83%d1%84%d1%82%d1%83%d0%b3%d1%83%d0%b8-%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d3%a3-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%bc%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d0%bd%d0%b0/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев