Раиси кулли Вазорати тандурустии Ғазза аз кӯшиши қасдонаи режими ишғолгари саҳюнистӣ барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ тавассути ҷилавгирӣ аз вуруди дору ва воксин ба Навори Ғазза ҳушдор дод.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Донишманд Мунир Ал-Бараш, раиси кулли Вазорати тандурустии Ғазза таъкид кард: ишғолгари исроилӣ аз тарҳи нави худ барои тақсими кӯмакҳо дар Навори Ғазза ҳамчун доме барои қатли ом ва абзоре барои иҷбори мардум ба муҳоҷирати иҷборӣ истифода мекунад.
Ӯ афзуд: мо хомӯшии ҷомеаи байналмилалиро дар баробари қатли омҳое, ки бар зидди аҳолии гуруснаи Навори Ғазза анҷом мешавад, маҳкум мекунем.
Мунир Ал-Бараш гуфт: бемористонҳои авори Ғазза ба сабаби камбуди шадиди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар шароити фоҷиабор қарор доранд.
Ӯ изҳор дошт: ишғолгарон ҳамчунон аз вуруди ҳудуди 3000 мошини боркаши дорои кӯмакҳои тиббӣ, ки дар шаҳри аришии Миср ҳузур доранд, ба Навори Ғазза монеъ мешаванд. https://tajikpress.com/2025/06/02/%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев