Рӯзе ҳазрати Сулаймон дар канори дарё нишаста буд. Нигоҳаш ба мӯрчае афтод, ки донаи гандумеро бо худ ба тарафи дарё мебарад. Сулаймон дид, ӯ ба соҳили дарё расид. Дар ҳамон вақт, қурбоқае сарашро аз об берун овард ва даҳонашро кушод. Мӯрча ба дохили даҳони он даромад ва қурбоқа ба даруни об рафт. Сулаймон муддате шигифтзада ба фикр фурӯ рафт. Ногоҳ дид, ҳамон қурбоқа сарашро аз об берун овард ва даҳонашро боз кард. Мӯрча аз даҳонаш берун омад. Вале донаи гандумро бо худ надошт. Сулаймон он мӯрчаро назди худ талабид ва саргузашти онро пурсид. Мӯрча гуфт: Эй паёмбари Худо. Дар қаъри ин дарё, санги бузургест, ки даруни он холист ва кирме дар даруни он зиндагӣ мекунад. Худованд онро дар он ҷо офаридааст ва кирм наметавонад аз он ҷо берун биёяд. Худованд ин қурбоқаро маъмур намудааст то маро ба сӯи он кирм бибарад. Қурбоқа маро то онҷо мебарад ва даҳонашро наздики он сӯрох мекунад. Ман аз даҳонаш берун меоям ва донаи гандумро назди кирм мегузорам. Сипас ба даҳони қурбоқа, ки дар интизори ман аст, бозмегардам. Ва ӯ ҳам маро ба хушкӣ бармегардонад. Ҳазрати Сулаймон ба мӯрча гуфт: Вақте ки донаи гандумро барои кирм мебарӣ, оё сухане аз ӯ мешунавӣ?
Гуфт: Бале, ӯ мегӯяд: Эй Худое, ки рӯзии маро даруни ин санг дар қаъри ин дарё фаромӯш намекунӣ, раҳматаро дар мавриди бандагони боимонат фаромӯш накун.
Худованд барои тамоми махлуқот, рӯзии ҳалол муқаддар намудааст. Пас агар мо инсонҳо бесабрӣ накунем ва қаноат пеша намоем ва дар роҳи ба даст овардани рӯзии ҳалол талош кунем, Худованд низ рӯзии ҳалолро насибамон мегардонад.
Касоне, ки аз даромади ҳаром чашмпӯшӣ намекунанд, гумон мекунанд, ки агар аз ҳаром парҳез кунанд, рӯзии ҳалол насибашон нахоҳад шуд. Аммо Худованд мефармояд: Ҳеч ҷунбандае нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худованд аст.
Расули Худо, ҳазрати Муҳаммад(с) дар сафари Ҳаҷҷатулвадоъ ба мусалмонон фармуд: “Бидонед, ки Ҷабраил ба ман илҳом кард, ҳеч кас намемирад, магар вақте ки тамоми рӯзии муқаддараш ба ӯ расида бошад. Пас аз Худо битарсед ва дар талаби рӯзӣ ҳарис набошед ва дер расидани ризқи ҳалолатон шуморо водор накунад, ки саросема шавед ва ризқи худро аз роҳи ҳаром бихоҳед”.
Худованд ризқи ҳалолро байни махлуқоташ тақсим карда ва рӯзии ҳаромро қисмат накардааст. Касе, ки пардаи иффатро бидарад ва шитоб кунад ва онро аз тариқи ҳаром ба даст оварад, аз ризқи ҳалол ва муқаддараш маҳрум мешавад ва ба он чи касб карда, дар қиёмат муохиза хоҳад шуд. Чунон ки Худованд дар Қуръони Карим аз касби ҳаром наҳй фармуд: Моли покизаро ба хабис табдил накунед.
Дар зиндагӣ ва маишати худ ва хонаводаамон бояд дар паи касби сарвати ҳалол бошем ва сарвату молро аз роҳи маъқул ва машрӯъ ба даст биёварем ва онро дар корҳои дурусту писандида масраф кунем.
Рӯзии ҳалол ва сарвати ҳалол метавонад василае бошад барои расидан ба камолоти ахлоқӣ ва рафъи ниёзмандиҳои фардию иҷтимоӣ ва хонаводагӣ.
Сарвати ҳалол дорои баракат аст, чуноне ки дар Қуръони Карим дар ин бора омадааст: (сураи Бақара, ояти 261): “Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, монанди донаест, ки ҳафт хӯша бирӯяд, ки дар ҳар хӯшае сад дона бошад…”
Дар ривояти дигаре омадааст, ки “Поктарин касбу даромад, дастранҷи одамист ва ҳар муомилае, ки бо дурусткорӣ ҳамроҳ бошад”.
Ба воситаи даромади ҳалол ва рӯзии ҳалол, иззати нафси одамӣ ҳифз мешавад ва шахс ба дигарон вобаста намешавад. Инсон дар ҷомеа обрӯ пайдо мекунад ва дӯстонаш низ зиёд мешаванд. Ва муҳимтарин суде, ки мо аз даромади ҳалол ба даст меоварем, ин аст, ки бо инфоқи сарватамон, ба подошҳои бузурги маънавӣ ноил мешавем ва ба воситаи ҳадя додан, вақф намудан, қарз додан, садақа додан, бузургтарин хидматро ба мардум метавонем анҷом диҳем ва кӯмак ба фуқаро намоем.
Бисёре аз мо, вақте сухан аз даромади ҳалол ва рӯзии ҳалол меравад, мепурсем, ки дар ин дунёи имрӯзӣ ва шароити имрӯзӣ чӣ гуна мешавад, инсон даромади ҳалол дошта бошад ва рӯзии ҳалол ба даст биёрад?
Агарчи кори осоне нест, ки аммо роҳҳое вуҷуд дорад, ки моро ба даромади ҳалол мерасонад: аз ҷумла кору талош, доштани мудирияти хуби иқтисодӣ, доштани қаноат аз роҳҳое ҳастанд, ки боиси афзуда шудани сарват ва даромади ҳалол хоҳад буд. Инчунин дуо ва дархости рӯзии ҳалол аз Худованд, додани садақа ба мардум, муҳофизати молу сарват ва парҳез намудан аз таҷаммулгароӣ ва исроф накардан, боиси зиёд шудани моли ҳалол мешавад.
Бинобар ин фаромӯш накунем, ки мол барои инсон аст, на инсон барои мол. Ва низ ёдамон бошад, ки фақр сабр мехоҳад ва сарвату мол шукр металабад. Бояд битавонем шукрашро баҷо биёварем.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев