Хангоми ба сафар баромадан ва ё
баргаштан аз он ду ракъат намоз бигузорад.
Ин намозхо ва ѓайри инхо, ки дар чои худ
зикр мегарданд, мустахаб мебошанд.
АХКОМИ НАМОЗХОИ НОФИЛА
Намозхои нофила рўзона ё ба сурати ду
ракъати ва ё ин ки ба сурати чор ракъати ба
як салом хонда мешаванд
ва бештар аз он ба як салом макрўх аст,
вале хашт ракъат нофилаи шабро метавон ба
як салом адо намуд ва
карохияти он дар бештар аз хаштракъати
аст. Аммо бехтар аст нафлхо ба таври умум,
чи дар рўз ва чи дар шаб, ба сурати чор
ракъати ба як салом хонда шаванд. Адои
намозхои нафли харчанд вочиб нест, вале бо
шурўъ карданаш вочиб мегардад. Аз ин рў,
дар сурате ки намози нафлро оѓоз намуда ва
сипас онро фосид гардонад, бояд намозашро
аз он чое, ки фосид намудааст, ќазо намояд.
Хар гох намозгузор чор ракъат намози нафл
ният карда, дар ќаъдаи аввал бинишинад ва
сипас ду ракъати
баъдиро фосид кунад, кифоя аст танхо
хамон ду ракъати охирро ќазо бидорад.
Ќироати сура (ва ё хадди аќал се оят) баъд
аз сураи ««Фотиха»» дар тамоми ракъатхои
суннатхои харрўза ва намозхои нафл лозим
аст.
Хондани намозхои нафл дар болои маркаб
(хар, асп ва дигар васоили наќлия) бо ишора
ва рўй ба хар тарафе, ки дорад, карохият
надорад, вале бояд ин кор дар беруни шахр
бошад.Нишаста хондани намозхои нафл бо
вучуди он ки ќудрати рост истодан дошта
бошад, харач (ишкол ва нигарони)-е надорад,
танхо ин ки нисфи савоб насибаш мешавад.
Хуб аст бидонем, ки хар ду ракъати намози
нафл намози пурра ва чудогона ба шумор
меояд, харчанд гохе бо як ният ва дар як
салом чахор ракъат, шаш ракъат ва ё
бештар аз он ирода ва гузорида мешавад.
Бар хамин асос нафлгузоре, ки чахор ракъат
ва ё бештар аз онро бо як салом ният
намудааст, метавонад пас аз гузоридани ду
ракъат Аттахиёт, дуруд ва дуъо хонда, салом
дихад, сипас барои ракъати сеюм бархоста,
аз нав «Субхонака-л-лохумма», «Аъузу
биллох» ва «Бисмиллох» хонда, ба бахши
дуюми намози нафл шурўъ намояд. Аммо
агар бихохад, танхо «Аттахиёт» хонда,
бархезад ва
«Бисмиллох» гуфта, ба хондани сураи
«Алхамд» шурўъ намояд. Хамчунин, дар шаш
ракъати ва хашт ракъатии на-
мози нафл дар шаб. Аз ин рў, хондани сураи
дигаре ба иловаи «Алхамд»
дар хар ракъати намози нафл вочиб аст.
Ваќте шахсе ба намози нафл шурўъ намояд,
гузоридани он бар вай вочиб мегардад ва бо
таркаш гунахкор ме-
шавад. Хар намозеро, ки бишканад (вайрон
намояд), ќазояш ба таври комил бар вай
вочиб мебошад, вале нафл аз он чо, ки хар
ду ракъати он намози чудогона ба шумор
меравад, агар чахор ё шаш ракъат ният
кунад ва онро бишиканад, танхо ду ракъат
ќазо ба чой меоварад. Агар чахор ракъат
ният кунад ва ду ракъати бахши аввалро
хонда, салом дихад, гунахгор намегардад ва
ќазое бар ў вочиб
намебошад, зеро ханўз ба ду ракъати бахши
дуюм шурўъ нанамудааст.
Агар чахор ракъат намози нафл ният кунад
ва дар
ракъати сеюм ё чахорум намозро
бишиканад, дар сурате, ки баъд аз ракъати
дуюм нишаста ва «Аттахиёт»-ро хонда
бошад, танхо ду ракъати охирро ќазо
биёварад. Вале агар, хох аз рўи сахв ва хох
аз рўи ќасд, нанишаста бошад, чахор
ракъатро бояд ќазо биёварад. Намози
нафлро бе узр низ метавонад нишаста бихо-
над, хатто, агар онро истода шурўъ карда
бошад, метавонад нишаста ва ё баръакс,
тамом намояд. Хамчунин нафлро бо такя бар
девор ё бар хар чизи дигаре харчанд беузр
бошад хам, метавонад ба чой оварад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев