ГУЗОШТАНИ ОНХО~~~
НАМОЗХОИ НОФИЛА
Ба ѓайр аз намозхои харрўзае, ки зикр шуд,
намозхои нафлии дигаре низ вучуд доранд,
ки ба хондани онхо дар
тамоми ваќтхои шабу рўз дар шаръи
муќаддас (ба чуз аз ваќтхое, ки хондани
намоз дар онхо манъ шудааст ва ќаблан ба
онхо ишора рафт) тарѓибу ташвиќ шудааст.
Бархе аз навофил хамрох бо ваќтхояшон ки
аз ахамияти
бештаре бархўрдор хастанд, инхоянд:
Намози шаб (тахаччуд). Камтарин миќдори
намози тахаччуд ду ракъат, миёнаи он чор
ракъат ва бештаринаш хашт ракъат
мебошад. Ваќти намози тахаччуд аз нисфи
шаб то хангоми азони субх аст. Расули Худо
(с) намози шабро гохе чахор, гохе шаш, гохе
хашт ва баъзе ваќтхо дах ракъат мехонд.
Бехтарин ваќт барои намози тахаччуд нимаи
охири шаб аст. Тариќаи суннат он аст, ки пас
аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб
бархоста, намози шабро ба чо оварад.
Намози чошт (зухо) ду, чор, хашт ва
дувоздах ракъат ривоят гардидааст. Ин
намоз хангоми чошт баъд аз ду ё дуюним
соати баромадани офтоб то пеш аз завол
хонда мешавад.
Намоз гузоридан дар шабхои мохи мубораки
Рамазон ва ба хусус шаби ќадри он. Намози
шукронаи тахорат (вузў), ки ду ракъат буда,
баъд аз тахорат ва ё ѓусл хонда мешавад.
Намози тахийяи масчид ду ракъат буда,
баъд аз дохил шудан ба масчид ва пеш аз
нишастан гузорида меша
Сахехи Бухори,
Сахехи Муслим
Сунани Абўдовуд,
Сахехи Ибни Хузайма.
Агар пас аз даромадан ба масчид намози
фарз ва ё намози дигаре хонд, хамон намоз
ба чои тахияи масчид
хам кифоя мекунад. Намози хочат ва арзи
ниёз. Шахсе, ки бо ягон мушкилоти зиндаги,
сахтихои рўзгор ва ниёзхои дини ва дуняви
рў ба рў гардад ва ё дар холати ногуворе
ќарор гирад, ду ракъат намоз ба нияти
рафъи хочат ва халли мушкилоти худ
бигузорад ва пас аз намоз ба даргохи
Худованд дуъо намояд. Аз чумла ин дуъоро
бихонад:
«Ло илоха иллаллоху-л-халиму-л-карим,
субхоналлохи рабби-л-ъарши-л-ъазим, вал-
хамду лиллохи рабби-л-ъоламин. Ас-алука
мўчиботи рахматика ва ъазоима
маѓфиратика ва-л-ѓанимата мин кулли
биррин вассаломата мин кулли исмин. Ло
тадаъ лизанбан илло ѓафартаху ва ло хамман
илло фаррачтаху ва ло хочатан хия лака
ризан илло ќазайтахо, ё архама-р-рохимин».
МАЬНОЯШ>>> «Хеч маъбуде ба чуз
Худованди халиму карим вучуд надорад, пок
аст Худованд, ки сохиби Арши бузург аст
вахамду ситоиш хама барои Худо,
Парвардигори чахониён
аст. Худо Мўчиботи рахмат, хатмиёти
маѓфират, бахраманди аз хар неки ва
саломати аз хар гунохеро аз Ту хохонам. Хеч
гунохеро аз ман нагузор, магар ин ки
мавриди маѓфирати хеш ќарор дех ва хеч
сахтива андўхеро фурў нагузор, магар онро
бартараф гардон ва хеч ниёз ва хочатеро,ки
ризои Ту дар он бошад, боќинагузор, магар
онро бароварда соз, эй аз хама
рахмкунандатарин!».
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1