
Аз хаети Иброхим Халили Худо кисми якум.......
Дар шахри Бобул подшохе буд бо номи Намруд ин подшох чунон сохиби молу сарват шуд, ки дигар хаду канор надошт муфасирини китоб мегуянд: агар тамоми кураи заминро мехарид то хол пули вай расанда буд. Изату эхтиромаш дар байни халк чунон авче гирифт, ки хар шахсе уро медид е номашро мешунид ларза дар баданаш фаро мегирифт. Рузе ин Намруд дар фиреби Шайтон гирифтор шуд, ва Шайтон уро гуфт: дар дуне чи касе аз шумо дида молу сарват дорад. шумо касе хастед, ки ин дунеро дар ихтиери худ дароварда метонед, чаро дар байни халк худро Худо эьлон намекунед. Ин бадбахт ба суханхои шайтон фикр кард, ба хулосае омад ки дар хакикат чи касе бар ман баробар шуда метавонад. ин бехтарин пешниход аст ки дар байни халк худамро Худо эьлон кунам. Ба вазирхош фармон дод ки ба сурати ман бутхо битарошед ва дар хар гушаву канори шахр ин бутхоро овезон кунед ва дар хар як хонае аз ин бутхо бирасонед то ин ки харгохе ин бутхоро мебинанд чи дар хона ва чи дар рох ба бутхо эхтиром гузорард ва сачда кунанд. Конунашро дар байни халк эьлон кард Худашро Худо муарифи кард ва харкасе уро кабул намекард е ба бутхои намруди эхтиром намегузошт дар азоби намруд гирифтор мешуд. халк уро ба Худои кабул кард ва чанд мудат хаминхел давом кард. Худованд дид ки ин Намруд аз хад зиед гузашт интихоб кард паембареро то ин ки ин бадбахти Мальунро аз ин кори бадаш огох кунад. Худованд худ метавонист кудрат дошт ки бе фиристодани паембар ин бадбахтро несту нобут кунад аммо накард инро танхо ба тарики паембараш кард ва пеш аз паембарашро фиристодан рузе дар хоби намруд даровард. Намруд шабе хоб мебинад ки як гови калони бадхайбат омада уро аз тахти подшохиаш ба шоххояш тела медихад ва тахти шохии УРО ба хок яксон мекунад. Субх мешавад хама хобгузоронро ба касраш даьват мекунад ва хоби дидаашро ба онхо накл мекунад ки ин хоби ман чи таьбир дорад. Дар он замон хобгузорон хобро дуруст таьбир мекарданд ва ба Намруд гуфтанд ки ба зуди дар ин мулк кудаке аз модар ба дуне меояд ки ин подшохиву дини туро аз байн мебарад ва дигар динро ба халк меоварад. Намруд дахшатзада мешавад аз хоби дидааш мехаросад намедонад чи кунад ба хобгузорон мегуяд ягон рохе нест ки пешгири кунем то он кудак ба дуне наояд. Хоб гузорон гуфтанд: танхо як рохе аст ки хама занхои ки бача тавалуд мекунанд сархояшонро мебуред ва ба хамин тарик шумо аз он кудак халос мешавед. Намруд фармон дод ки имсол чи кадар кудаке тавалуд мешавад сархояшонро буред ва хар занеки хомиладор аст уро биоред дар тахти назорати хукумат гиред то тавалуд карданаш тавалуд ки кард дар хол сархояшонро буред баьзе муфасирин мегуянд: зиеда аз 100 хазор кудакро куштанд аммо ягонтаи он паембар набуд.Худованд бехтарин макркунанда аст. Дар касри Намруд як зану шавхар хизмат мекард ва Худованд Халили худашро аз хизматгорони хонаи Намруд интихоб кард ва он зан хомиладор шуд чунон як зани бузбалае буд ки хомиладориашро касе хис намекард болои бузбалагиаш доимо ин зан либосхои кушод мепушид шавхараш Озар бут тароши Намруд буд. 9 мох хомиладории зан давом мекунад касе аз у дарак намешавад вахти тавалудаш мешавад ин зан аз шахр баромада ба як кухе меравад ва дар даруни як гор фарзандашро Иброхим алайхи салом ро тавалуд мекунад ва уро шуста шир медихад вахт торик мешавад кудакашро дар он гор мемонаду ба хонааш меравад. Дар баьзе ривоятхо омадааст ки бади 3 руз модари Иброхим боз барои дидани Иброхим меравад: дар рох буд сад хаелу фикр мекард ки ин кудаки навзоди ман дар ин 3 руз холо аз гуруснаги мурд е ягон дарандае уро хурд хаминхел фикр мекард вахте ба гор расид дид ки аз ангушти Иброхим алайхи салом шир мечакид ва он ангушташ дар дахонаш андохтаги буд. Модари Иброхим алайхи салом хайрон шуд ин муьчизаро дид боз фарзандашро каме навозиш карду бар гашт ба хонааш. Баьзе муфасирин мегуянд Иброхим то сини 6 солагиаш дар он гор буд хато берунро надидаги буд. Рузе модараш ба хабар гириаш меравад Иброхим 6 сола аст дар ин 6 солагиаш чунон бузурге шуд ки ранги бачахои калон менамуд. Ба модараш гуфт: Модар ое дуне хамааш хамин гор АСТ? Модараш гуфт не писарам ва Иброхим ро аз гор берун баровард Иброхим ба хар тараф нигох мекард. Аз модараш пурсид? Модарчон Худои ман ки АСТ? Модараш гуфт: Худои ту манам ки туро ба дуне овардам! Боз пурсид модарчон Худои ту ки аст? Модараш гуфт: Худои ман падари ту АСТ! Иброхим Боз пурсид: Худои падарам ки АСТ? Модараш гуфт: Худои падарат Намруд шахс подшохе хаст ки мо хама уро мепарастем ва уро Худо мегуем. Иброхим пурсид: модарчон ман зебоям е Ту? Модараш гуфт: писарчони ман албата ту зебои. Боз пурсид: шумо зебоед е падарам: модараш гуфт: ман аз падарт дида зеботарам. Боз пурсид: модарчон падарам зебост е ин ки Намруд? модараш гуфт: албата падарат зебо аст. Иброхим ба модараш гуфт: чи гуна метавонад ки махлк аз маьбуд зеботар бошад бояд аз Худо зеботар чизе набошад. Моддари Иброхим алайхи салом хайрон шуд ки ин кадар аклу хушро аз кучо омухтааст. Аз сухбати зиед руз ба торики мубадал гашт. Иброхим медонист ки Паембар аст ва Худои якто вучуд дорад аммо хост ки модарашро бисанчад. Вахте шаб шуд дар осмон ситорахо намоен шуданд. Ва ба модараш гуфт: худои ман хамин ситорахои дар осмон буда аст ва ман инхоро Худои худ мехонам. Вахтеки субх дамид хазрат диданд ки ситорахо нопадид шуданд. Ва ба модараш гуфт: на ман ин ситорахоро Худо намегуям. Худо бояд касе бошад ки нопадид нашавед. Каме вахт гузашт ки офтоб баромад боз гуфт: ана Худои ман бин чи кадар равшани дорад бо баромаданаш ситорахоро гум кард. То шом сухбат карданд бо хамрохии модарашон ки ин офтобам нопадид шуд. Ба модараш гуфт: инхам лоики парастидан надоштааст чунки нопадид шуд Худованд бояд нопадид нашавад. Мохтоб баромад дид ки дар шаб намоен аст ва ба модараш гуфт: мохтоб аз офтоб дида бокуватар аст бо баромаданаш офтобро нест кард ин лоики парастиш дорад инро Худо гуфта мепарастам. Вахте субх шуд охиста охиста инхам нопадид гашт. Иброхим алайхи салом гуфт: инхам лоики парастиш набудааст бояд касеро бипаоастам ки хамаи хаминхоро яьне офтобу мохтобро офаридааст ситорагону дунеро офаридааст бояд касеро парастам ки бо кудраташ шабро равшан мекунад ва рузро шаб мекунад. Модари Иброхим алайхи салом хайрон шуд ки писари шаш солааш хамаи инро аз кучо медонад.хулас Иброхим ба хулосае омаду гуфт: модарчон ман Худои Худамро ефтам ки у дар хама холат хаст нопадид намешавад хама махлукотро у пайдо кардааст ва моро зинда гардонид боз мемиронад ва дубора барои амалхоямон моро зинда мегардонад ин Худои якто ва бе мисл аст инро мепарастам.ва хамаи инро ба модараш гуфт: ки бие тухам Худоиро бипараст ки Намруд подшохи шуморо офарид. Модарашро бисер аз нишонахои Худованд гуфт: ва дили модарашро гарм кард. Баьзе муфасирин мегуянд: модари Иброхим алайхи салом дар хол имон овард ва баьзеи дигар мегуянд: чанд мудате фикр кард ва баьдан имон овард. Сухбаташон хуб анчом меебад ва Иброхими шаш соларо гирифта ба хонааш мебарад........
Давомашро дар кисми дуюм ИншоАллох менависам.........


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3