Набошад лахзае у бе хузураш, Хамеша дар сари ин мочаро аст! ***** Дили ман гусса дорад, дардманд аст, Ба руи оташат хамчу сипанд аст. Агар гуи, баро, аз пеши ман рав, Набитвонам, ки пой занчирбанд аст! ***** Дилам печида бар кокули ёре, Бути сайдафкани мардумшикоре. Диламро чун бигирам, пас бигардад, На манро сабру не уро кароре! ***** Ман роху равиши ишк обод кунам, Дилхои зи хам гусастаро шод кунам. Имруз, ки рохи ишк оини ман аст, Ин мазхаби худ бар хама иршод кунам! ***** Дилам сухтасту дархояш шикаста, Ханузам аз кафи оташ нараста. Бар он дилхои бегам рашк дорам, Ки ором хуфта, бо дархои баста. ***** Дилам бар ту дихам то ром гардад, Ки чисмам як нафас ором гардад. Надорам хоб як дам бо дили хеш, Шабу руз бо хаёли хом гардад. ***** Зи дасти калби худ ман пир гаштам, Ба доми сад бало занчир гаштам. Манам бозича дар бозии дунё, Асири панчаи такдир гаштам. ***** Зи дастат синачокам, эй дил, эй дил, Нишаста руи хокам, эй дил, эй дил. Биё, багард бар вайронаи худ, Ки бе ту ман халокам, эй дил, эй дил. ***** Дилам моли ту аст, дигар нагирам, Ман аз танхоии дил сахт серам. Марон дилро зи сахни ошёнат, Дарамро гар дарояд, ман бимирам! ***** Чаро ту бекарори, эй дил, эй дил, Чаро ором надори, эй дил, эй дил?! Хамеша рузу шаб соат шумори, Киро ту интизори, эй дил, эй дил? ***** Бахор рафту хазонрези дил омад, Нихоли хушки гам бар хосил омад. Зи айшу нушу лаббуси чизе нест, Замони хасрату дарди дил омад. ***** Дилам садхо хазор афсона дорад, Саду як кисса аз чонона дорад. Кутуби калби ман аст хонданибоб, Ки дар чайбаш мухаббат хона дорад. ***** Аз дафтари " Рубои ва дубайтихо"- и Шайдо Нусхакунии ин шеърхо катъиян манъ аст!!! Хамаи хукукхои муаллиф махфузанд!!!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев