Ҳаргиз чунин нест ва чунин нахоҳад шуд. Ба андешаи афроде каҷбину каҷназар, ки ба пиндори эшон, вуҷуди зан саропо шарр аст, танҳо бо як вожаи хеле ширину гуворову зебо, ки оромбахши дилҳои ҳамагон аст, метавон посух дод: зан МОДАР аст, аз ҳама азизтар зеботар, хушбӯйтар аз тамоми атру раёҳин ва гулҳои зебои баҳор. Касеро шак дар ин нест, ки бақои насли башар дар гарави вуҷуди зан аст.
Парвариш ва тарбияти нахустин башар дар домани пурмеҳри зан аст. Корҳои зариф ва латифи зиндагии инсон бо дасти ҳамин мавҷуди шариф ба сомон мерасад. Гуворотарин лаззатҳо, амиқтарин эҳсосот ва дақиқтарин меҳрубониҳоро ҳамин зан ва Модар аст, ки матраҳ мекунад ва посух медиҳад.
Инсони хирадманду доно агар бо дидаи ақл бар аҳволи занон бингарад, нисбати ин неъмати илоҳӣ, раҳиму меҳрубон гардида, инсофу шафқатро дар мавридашон риъоят менамояд. Имом Муҳаммади Ғазолӣ, ки имрӯз аз баракати эҷодиёт ва осори гаронбаҳояш олами Ислом ифтихоре бас азим дорад, дар ин маврид мефамояд:
Даҳ чизро ёд бояд кардан то инсоф нисбат ба зан риъоят шавад:
1. «Нахуст он аст, ки зан туро талоқ натавонад додан ва ту тавонӣ.
2. Ва дигар он ки ӯ аз ту ҳеҷ чиз натавонад сутудан ва ту тавонӣ,ки ҳама чиз аз ӯ биситонӣ.
3. Сеи дигар он ки ӯ то дар ҳукми ту бувад, шӯи дигар натавонад кардан ва ту зани дигар тавонӣ кардан.
4. Чаҳорум он ки ӯ бе фармони ту аз хона берун натавонад рафтан ва ту тавонӣ.
5. Панҷум он ки ӯ бараҳна натавонад будан ва ту тавонӣ.
6. Шашум он ки ӯ аз ту тарсад ва ту аз ӯ натарсӣ.
7. Ҳафтум он ки аз ту ба тозарӯӣ ва сухани хуш басанда кунад ва ту аз ӯ ҳама корҳо написандӣ.
8. Ҳаштум он ки аз ҳама хешовандон ва модару падар бибурад ва ту аз ҳеҷ кас ҷудо нагардӣ…..
9. Нуҳум он ки ӯ пайваста туро хидмат кунад ва ту хидмати ӯ накунӣ.
10. Даҳум он ки ӯ ба бемории ту хештан бикӯшад ва ту ба марги ӯ ҳеҷ ғам нахӯрӣ».
Имом ғазолӣ дар давоми гуфтораш бо чунин ишора хулосабарорӣ мекунад: пас, аз ин рӯй воҷиб ояд бар соҳибони хирад, ки бар занон раҳим бошанд ва бар эшон ситам накунанд, ки зан дар дасти мард асиру бечора аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев