Дар хусуси таърихи бинои Каъба сухан гуфта, лозим аст, ки замони Иброҳим алайҳиссаломро ба ёд орем. Дар даврони Иброҳими Халилуллоҳ будпарастӣ миёни мардум хеле зиёд паҳн гашта буд . Ба ин хотир ҳазрати Иброҳим (а) барои ибодати Парвардигор аз мардум дурӣ ҷуста, рӯ ба ҳиҷрат ниҳод. Ӯ аз сарзамини Шом, ки ватани аҷдодиаш буд, ҳамроҳи ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил (а) ба сарзамини Ҳиҷоз омад, то хонаводаеро ташкил кунад, ки танҳо Худои Якторо парастиш намоянд, Ҳангоме, ки Исмоил (а) ба синни ҷавонӣ расид, Худованд ба Иброҳим (а) дастур дод, ки масҷидеро бино намояд, то мардум барои ибодату зикр ва сипосгузории неъматҳову лутфи илоҳӣ ба гирди он ҷамъ оянд. Худованди Мутаъол дар ишора ба ин ҳодиса дар сураи “Бақара”, ояти 127 мефармояд: “Ба ёд биёваред ҳангомеро, ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои Каъбаро боло мебурданд ва дуо мекарданду мегуфтанд: Парвардигори мо! Ин амалро аз мо бипазир! Бегумон ту шунаво ва доно ҳастӣ”.
Вақте ки Иброҳим (а) ва Исмоил (а) аз сохтани бинои Каъба фориғ шуданд, Худованд дастур дод, то онро муҳофизат кунанду аз тамоми олудагиҳои моддию маънавӣ (ширк, будпарастӣ) пок ва муназзаҳ намоянд.
Дар ин хусус дар сураи “Бақара”, ояти 125 чунин таъкид шудааст: “Ва ба Иброҳиму Исмоил супориш кардем, ки Хонаи Моро барои тавофкунандагон, эътикофкунандагон ва рукӯъу саҷдакунандагон поку муназзаҳ доред”.
Каъба аввалин масҷид ва хонаест, ки ба манзури ибодати Худои Ягона барои мардум сохта шудааст. Худованд мефармояд: “Нахустин хонае, ки (аз лиҳози эҳтиром бо дасти пайғамбарон ҷиҳати парастишу ниёиши саҳеҳи Худованд) барои мардум сохта шудааст, хонаест, ки дар Макка қарор дорад. (Он хона) пурхайру баракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад, аз ҷумлаи мақоми Иброҳим, ки ҳар кас дохили он шавад, дар амон қарор мегирад”.
Баъди вафоти Иброҳиму Исмоил алайҳимуссалом мардум чизҳои нодурусту хилофро аз ҷониби худ ба ҳаҷ изофа карданд. Минҷумла ширку бутпарастиро як ҷузъи маросими ҳаҷ қарор доданд. Ба ҳамин хотир Худованди Мутаъол саллаллоҳу алайҳи ва салламро фиристод, то решаи ширк ва бутпарастиро ба куллӣ қатъ карда, мардумро ба тавҳиду яктопарастӣ баргардонад. Дар дини ислом ҳаҷ мақоми волое дорад. Ба баракати ҳаҷ гуноҳон омурзида мешаванду неъматҳои биҳиштӣ ба таври комил дар рӯзи қиёмат иншоаллоҳ насиби тавофкунанда хоҳанд шуд. Мушоҳидаи Байтуллоҳил Ҳаром ва қадам ниҳодан дар ҷоҳое, ки ба унвони ёдгори Иброҳими Халилуллоҳ ва Исмоили Забеҳуллоҳ ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) то ҳол мавҷуданд, дар ин ҷаҳон худ неъмати биҳиштанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев