Предыдущая публикация
Чу паранда гар пару бол ба фазо кушода боши,
Қадамат мисоли сайёҳ ҳама ҷо ниҳода боши.
Ҳама дарҳои ҷаҳонро ту агар кушода боши.
Нарасад ба гарди роҳи ватане,ки меҳани туст.
Гар зи шодиҳои дунё ба лабонат ханда бошад,
Ғаму ғуссаҳои дунё агарат,ки канда бошад.
Пулу молу зари дунё ҳамраҳат раванда бошад,!
Нарасад ба гарди роҳи ватане,ки меҳани туст.
Ту бидон шоъири Раштӣ ин даме карда баёнат,
То ки бинмояду бини ту аз он шавкату шонат.
Ҳамчу ғамхор ба ту гуям,ки ҷаҳон дори ба хонат,
Нарасад ба гарди роҳи ватане,ки меҳани туст.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев