Дур бошад кош, аз андӯҳу мотам, Ҷӯрабек.
Бо табассум сӯзи қалби хеш пинҳон мекунад,
Бо лаби хандону бо қалби пур аз ғам, Ҷӯрабек.
Ҳам садову, ҳам нигоҳу, ҳам симояш тоҷикӣ,
Фахри кулли тоҷикони рӯйи олам, Ҷӯрабек.
Сарбаландии туро ман,аз Худо дорам талаб,
Як сари мӯе нагардад, аз сарат кам, Ҷӯрабек.
Шаҳсутуни санъати миллат бувад унвони ту,
Давлатат бодо зиёд, боло зи Ҳотам, Ҷӯрабек.
Ҳарки некхоҳи ту бошад, манзилаш бодо биҳишт,
Ҳарки бадхоҳи намояд,бар ҷаҳаннам
Ҷӯрабек.
Кардааст овозадор,овози нотакрори
ту,
Шӯҳрату овозаат боло зи Рустам, Ҷӯрабек.
Менамоӣ парвариш истораҳои
бешумор,
Мактаби омӯзишат,парвози одам, Ҷӯрабек.
Дар канори ту бувад,фархундаҳол, Маҳкампурӣ,
Чеҳраи нуроният монанди марҳам, Ҷӯрабек.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Як байташ чунин аст
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид
Ҳар раҳгузарӣ санг занад ор надорем