Вақте намозгузор такбири таҳрима гуфта, намозашро шурўъ мекунад, бояд то поёни намоз аз корҳои хилофи ибодат худдорӣ намояд ва одоб ва муқаррароти намозро риоя кунад. Анҷом додани корҳое, ки бар хилофи моҳият ва берун аз доираи муқаррароти намоз мебошанд, намозашро фосид мегардонанд ва онҳоро муфсидоти намоз гўянд.
Муфсидоти намоз иборатанд аз:
1. Сухан гуфтан, ҳарчанд як калима ҳам бошад, чи аз рўи қасд ва чи аз рўи фаромўшӣ ва хато бошад.
2. Қасдан ба касе салом додан.
3. Ҷавоби саломро додан, чи аз рўи қасд ва чи аз рўи фаромўшӣ ва хато.
4. Оҳу нола кашидан.
5. Барои кори дунѐ бо садо гиря кардан. Гиряи беовоз ва гиряи аз тарси Худо ва ё барои охират ҳарчанд босадо ҳам бошад, намозро фосид намегардонад.
6. Уф кашидан ва афсўс хўрдан.
7. Ҷавоби атсаро додан, яъне барои касе, ки атса мезанад, «Ярҳамукаллоҳу» гуфтан.
8. Ҷавоби сухани касеро додан, ҳарчанд ҷавобаш бо зикр ҳам бошад. Масалан, касе хабари хуше бидиҳад ва ў дар ҷавобаш «Алҳамду лиллоҳ» бигўяд, намозаш фосид
мегардад.
9. Фатҳа додан ҷуз барои имоми худ. Фатҳа додан он аст, ки агар касе машғули қироати Ќуръон бошад ва дар ҷое ба сабаби фаромўшӣ таваққуф кунад, намозгузор барои ў он ҷоро ѐдрас намояд ва онро «луқма» додан ҳам мегўянд.
10. Ќироати оятњои Қуръон аз рўи мусҳаф (Қуръон)-и
шариф. (ғайр аз ҳофизи Қуръон)
11. Дуъо кардани намозгузор ба дуъоҳое, ки монанди сухани мардум бошанд, ба мисли ин ки бигўяд: «Худоё! Фалон занро ба никоҳи ман даровар ва ѐ ба ман себу анор
рўзӣ деҳ».
12. Саҷда бар чизи наҷис.
13. Хўрдан ва ошомидан.
14. Амали зиѐд. Ҳар амале, ки ба ҳаракат додани дастҳо (ҳар ду даст) ниёз дошта бошад, ё намозгузор онро зиёд такрор кунад, ҳарчанд бо як даст ҳам бошад ва ҳамчунин, агар касе аз берун онро мушоҳида намояд, чунин пиндорад, ки анҷомдиҳандаи он дар намоз нест, амали зиёд ба шумор меравад.
15. Дар вақти намоз худро қасдан бетаҳорат сохтан, яъне таҳорати худро қасдан шикастан.
16. Баргардонидани сина аз сўи қибла.
17. Беҳушӣ.
18. Девонагӣ.
19. Ҷанобат.
20. Хандаи бо қаҳқаҳа.
21. Яке аз аркони намозро дар ҳоли бараҳнагии аврат адо намудан.
22. Вуҷуд доштани наҷосате, ки монеъи намоз гардад.
23. Тарк намудани шарте аз шартҳои пеш аз намоз, ки фарзҳои пеш аз намоз низ гуфта мешаванд ва ѐ тарк намудани рукне (фарзе) аз рукнҳои даруни намоз.
Фиқҳи Исломӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2