Риоят кардани мукаррароти тичорат барои хар точири муъмин зарурй мебошад. Хамчунин бояд, ки кабл аз огози тичорат масоили марбут ба тичоратро биомузад, то ин ки тичорат низ ба унвони ибодат зиннатбахши шахси точир шавад. Бо дарназардошти ин амр якчанд масъалаи марбут ба хариду фурушро пешкаши шумо менамоем:
1. Бо кудак, девона, каниз, гулом, нобино ва шахси харомхур бояд муомила накунад.
2. Тичорат ва касби моли харомро набояд ихтиер кард. Муомилаи бутхое, ки ба шакли хайвон е инсон сохта шудаанд чоиз нест.
3. Тичорати созу олоти мусикй чоиз намебошад.
4. Амволеро ки мефурушад бояд аз дороии (милк)-и худаш бошад е сохиби он ба у ичозат дода бошад.
5. Ашеи фурухташуда бояд дасирас бошанд.
6. Чизе ки ба сурати рахн (гарав) дар дасти касе бошад бе ичозати молики аслии он ба фуруш мондани он чоиз нест.
7. Молеро ки фурухтан мехохад бояд айни он ва микдори он маълуму мушаххас бошад, то харидор дар фиреб наафтад.
8. Хариду фуруш бояд бо лафзхои сарех анчом гирад, зеро байъ бо алфози номафхум ва норасо дуруст намешавад.
9. Эхтикори амвол (бо ният ва касди бад истифода намудан аз мушкилихо рус: "спекуляция") барои хеч кас чоиз намебошад. Чунончи касе амволи мавриди ниези чомеаро ба хотири ин ки дар мавкеъхои ночории мардум бо фоидаи бештаре ба фуруш расонад, эхтикор кунад (мисли он ки баъзе аз савдогарони мо пеш аз идхо махсулотро пинхон мекунанд, то ба нархи гарон бифурушанд) малъун мегарданд, яъне Худованд аз онхо безор аст.
10. Таваччух ва диккат бояд кард, ки пули нокис, каллобй, пули калбакй ба касе дода нашавад. Ба касе пули калбакй додан бадтар аз дуздй мебошад. Барои хамин агар аз чое пули калбакй ба дасташ омад бояд фавран онро нобуд намояд (масалан дафн кунад) то ба дасти дигаре нарасад.
11. Таъриф намудани моли ба фурушмонда беш аз андоза чоиз нест.
12. Агар дар моле айб е нукс вучуд дошта бошад бояд онро бигуяд ва илло гадр ва фиреб хохад буд. Агар дар торикй ба таври намуна микдореро ба муштарй нишон дод е микдори чизи хуберо ба таври намуна нишон дод ва пас аз он чизи айбдору нуксондор ба муштарй дод, якинан ин кор харом мебошад ва аз заифии имони у нашъат гирифтааст.
13. Бехтар аст, ки на моли бад бихарад ва на бифурушад. Агар рафтаву моли бад ба дасти касе омад, яъне аз чое ворид шуд набояд дигаронро фиреб дихад. Бехтар аст, ки хисорот ва зарари онро худи шахс бардошт намояд, зеро дар тичорат ва косибй садокат асари мусбат дорад. Чун беимонй дохили тичорат гардад, баракат аз он бардошта мешавад.
14. Барои точир лозим аст, ки рузи хавлноки киематро дар назар гирифта муомила кунад ва доим дар касбу тичорат аз ростгуйи ва росткорй бахра барад, зеро точири содик ва некукор рузи махшар бо шухадо махшур мегардад.
15. Дар вазн ва метр набояд муртакиби беимонй гардад. Онон ки дар вазнхо ва андозахо вориди хилоф мешаванд бе тардид муртакиби харом мешаванд.
16. Арзиши хар молро бояд ошкоро ба харидор бигуяд ва набояд кимати онро махфй нигох дорад.
17. Аз кимати аслй набояд аз хад зиед гуфт ва пас аз он ба нархи арзонтар фурухт, зеро ин кори дуруст нест. Дар сурате ки харидор бо кимати бештар розй шавад набояд аз кимати аслй (бо дарнардошти фоида) бештар бигирад.
18. Агар харидор аз чизи харидашуда пушаймон гардид, онро бояд пас гирифт , зеро ин кор фазоили зиеде дорад.
19. Бехтар аст амволи факиронро бо нархи бештар бихарад, то ба ин васила ба онхо кумаке расад.
20. Агар муштарй дар даст накд надорад бояд ба у мухлат дод.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1