Савол:
Аз ачзои хайвоноти гушташон халол чанд чиз хурданаш харом аст? Лутфан бо далел тавзех дихед!
Чавоб:
Аз увзхои бадани хайвон хафт чизанд, ки хурданашон харом (аниктараш 6-тоаш макрухи тахримй ва 1-тоаш, яъне хуни рехта, харом) мебошад:
1. Хуне ки дар вакти забх чорй мешавад.
2. Олати таносулии хайвони нар.
3. Олати таносулии хайвони мода.
4. Байза (тухм е мояхо)-и хайвон.
5. Масона (шошадон).
6. Сафро (захра).
7. Гадудхое ки дар бадани хайвон бошад.
Чунончи дар "در المختار" ва "البدائع" овардааст:
"ما يحرم أكله من اجزاء الحيوان المأكول سبعة الدم المسفوح و الذكر والانثيان و القبل و الغدة و المثانة و المرارة" [الدر المختار مع الرد: ٢١٩/٥؛ البدائع: ٦١/٥]
Дар "Фикхул исломй ва адиллатуху" мегуяд:
لا تؤكل سبعة أشياء من أجزاء الحيوان المأكول وهي: الدم المسفوح، والذكر، والأنثيان، والقبُل، والغدة (4)، والمثانة، والمرارة. لقوله عز شأنه: {ويحل لهم الطيبات ويحرم عليهم الخبائث} [الأعراف:157/ 7] وهذه الأشياء السبعة مما تستخبثه الطباع السليمة. وروي عن مجاهد أنه قال: «كره رسول الله صلّى الله عليه وسلم من الشاة: الذكر، والأنثيين، والقبل، والغدة، والمرارة، والمثانة والدم» والمراد منه كراهة التحريم، بدليل أنه جمع بين الأشياء الستة وبين الدم، في الكراهة، والدم المسفوح محرم. والمروي عن أبي حنيفة أنه قال: «الدم حرام، وأكره الستة»
Яъне хамон 7 узви фавкуззикрро хурда намешавад, чунончи Худрванд мефармояд:
"Чизхои покизаро барои онхо халол мешумурад ва нопокихоро тахрим мекунад" [ Аъроф/157]
Ва албатта ин 7 чизи мазкурро табиати инсон намеписандад.
Ва аз Мучохид ривоят аст, ки гуфт:
"Паембар макрух медошт (намеписандид) аз гусфанд: олати таносулй, тухмхо (мояхо), олати таносулии хайвони мода, гадудхо, сафро (захра), шошадон ва хунро".
Ва мурод аз карохати Паембар карохати тахрим (наздик ба харом) мебошад ба ин далел, ки чамъ кард байни ашеи шашгона ва хун бо карохат, дар холе ки хуни рехташуда харом аст. Аз Имом Абуханифа низ ривоят чунин аст, ки фармуд:
"Хун харом аст ва шаштои дигарро макрух медонам" [فقه السلامي و ادلته ج4 ص2778]
والله اعلم بالصواب
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев