Савол:
Салом алейкум бародар илтимос ба хамин савол равшани меандохтед ки бихишт дар кучо аст.
Чавоб:
Бародари азиз аввалан бояд бидонем, ки Бихишт сарои неъмат ва хушй аст, ки муъминон вориди он мешаванд ва хамеша дар он ба сар мебаранд. Дар он гармову сармо, бемориву марг вучуд надорад ва он ва сокинонаш харгиз аз байн намераванд. Оятхои зиеде дар Куръони карим мавчуданд, ки бар човидонагии Бихишт ва сокинони он далолат мекунад (1).
Дузах бошад сарои кайфар аст, ки кофирон човидон дар он ба сар мебаранд (2).
Аммо муъминони гунахкор бошанд, пас дохили дузах мешаванд ва ба андозаи гунохонашон азоб мешаванд ва сипас аз он хорич гашта ба бихишт меоянд (3).
Нуктаи дигар ин ки бояд бидонем ахли суннат ва чамоат муътакиданд, ки бихишту дузах хам акнун офарида шудаанд ва мавчуданд. Бештари муътазила муътакиданд, ки бихишту дузах рузи киемат халк мешаванд. Аммо ин чо мавриди зикри далоили ахли суннат ва радди истидлолхои муътазила намебошад.
Бино бар ин бармегардем ба асли савол, ки бихишт холо дар кучост?
Бештари муфассирин гуфтаанд, ки болои осмонхои хафтгона ва зери арш аст. Чунончи Расули Худо (сав) фармудаанд:
"في الجنة مائة درجة ما بين كل درجتين كما بين السماء و الارض و الفردوس اعلاها درجة و منها تفجر انهار الجنة الاربعة و من فوقها يكون العرش فاذا سألتم الله فسلوه الفردوس(4)"
Тарчума:
[Бихишт сад дарача аст ва мобани харду дарачаи он ба андозаи байни осмону замин аст ва болотарин дарачаи он Фирдавс аст, ки нахрхои чоргонаи Бихишт аз он чорй мешаванд ва болои он Арш аст, пас хар гох аз Худованд дархост кардед, Фирдавсро аз У талаб намоед].
Бархе гуфтаанд, ки Бихишт дар осмони чорум аст.
Акволи дигар хам хаст.
Ва гуфтаанд, ки Дузах дар зери заминхои хафтгона аст.
Аммо бехтарин ва рочехтарин кавл ин аст, ки чойи онхо дар маконест, ки гайр аз Худованд касе ба он огох нест (5).
1. Аз чумла: Бакара/82, Кахф/107-108, Хичр/48;
2. Байина/6, Зухруф/77
3. Ривояти Имом Бухорй ва Муслим. Ниг: التاج 1/34;
4. Ба ривояти Имом Тирмизй ва Бухорй. Ниг: التاج 5/404
5. Тамоми ин гуфтахоро дар "نثر اللآلي/٦٩-٧٧ ва شرح رمضان/٣٣٣-٣٣٤ мулохиза намоед.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Кадри Модарро бидон сохиби Чаннат шави...