рус: копчик)
Савол:
Саломуалайкум бародари гироми худованд шуморо кам накунад ва баъдан саволе доштам. Одам вакте дунёро падруд гуфт рух аз часад чудошуда меравад.Рух кучо меравад? Ва чизи дигар вакте часадро ба хок супурданд ба кавле аз гур чанд кадам мондан часадро малоик бардошта пурсиш огоз мешавад.А дар "Курон" мегуяд вакте сур дамид аз устухони хурди думгоза ё "чорбанд" одамон дубора зинда карда мешаванд.Яъне рузи махшар. Бо хохиш бародар бо факту далелхо фахмонед чун сари ин масалахо бахсхои зиед мешавад.
Чавоб:
Ва алайкум салом бародари азиз. Саволхои пешниходкардаи шумо мутааллик ба илми акоид (акида, тавхид, калом) мебошанд. Пеш аз баррасии онхо бояд бидонем, ки илми акида асоси улуми шаръй, мабдаъ ва маъхази он аст. Чунончи дар "Акидаи салима" овардааст:
"Асли дин дурустии акида ва асли вочибот дуруст кардани эътикод мебошад. Мурод ба акида шинохти Худои таъоло аст бо хама сифатхои У таъоло ва шинохтани пайгамбар (сав) ба хама авсофи пайгамбарй ва кабул кардан мар хар чизеро, ки Расулуллох (сав) аз назди Хак таъоло овардааст. Акидаи дуруст он аст, ки асхоби киром (раз) бар он будаанд. Паембар (сав) ро аз рохи начот пурсиданд, гуфт: рохи начот он аст, ки ман бар онам ва асхоби ман бар он акида хастанд. Чаноби пайгамбар (сав) ба хукми эъчоз аз ихтилофу ифтироки ин уммат хабар дода гуфтаанд, ки зуд аст, ки мутафаррик ва пароканда мешавад уммати ман ба 73 гурух. Хамаи онхо дар оташ мебошанд, магар як гурух, ки он начот меебанд. Гуфта шуд чи касоне мебошанд он гурухи ночия? Гуфт: онхо касонеанд, ки мебошанд бар он акида, ки ман бар онам ва сахобагони ман бар он акида хастанд. Ишорати ин хадиси шариф ба ин маъно аст, ки муъмин бояд бар акида ва равиши асхоби киром (раз) бошад, то бар тарикати начот устувор бошад ва ба фикри касон ва раъю андешаи худ такя накунад, то ба гумрохй ва халокат наравад. Аз ин руй аимма ва пешвоени дин хама акида ва ахкоми динро ба асхоб истинод додаанд ва такрир намудаанд, ки дини мо дар хама умур, дар акида, аъмол, тафсири оет ва баени ахком наклй аст на аклй. Акл дар маорифи илохй бисер нотавон аст...". (عقيده سليمه/٢-٣)
Аммо чои таассуф аст, ки мусалмонони имрузаро мутафаррик ва пароканда карданд ва саргарми мунозараву мушочараи масоили фаръиву ихтилофие гаштанд ва дар натича аз асли акида дур афтоданд. Чунончи дар "Акидаи салима" менависад:
"Дар ин овон ихтилофи раъйхо ба хадде расидааст, ки акидаи ахли суннат пушида мондааст ва кам касе дида мешавад, аз толибон, ки холиси акидаи ахли суннат дар зехн дошта бошад". (عقيده سليمه/٧)
Бародарони гиромй суханро дароз кардани нестем ва максад аз овардани ин мукаддима он буд, ки мусалмони кишвари азизи мо аз ба худ оянд, ихтилофу чидолро аз байн дур кунанд, дустдори хамдигар бошанд ва бо мутолиаи китобхое аз кабили "Фикхи акбар"-и Имом Абуханифа, "Акидаи Таховй", "Акоиди Насафй", "Васое"-и Имом Абуханифа ва дигар кутубе, уламо асран баъди аср ба дурустии онхо ичмоъ карддаанд ва таснифоти худро ба онхо мутобик кардаанд, аз асли акида огохй ебанд ва акидаи худро дуруст кунанд, то амолашон ба салох ояд ва растагор шаванд. Чунончи дар китоби "Чавшани амон" ба хамин маъно чунин гуфтааст:
"Имрузхо дар хотири туллоби илм, ба чуз улуми чадалй ва парешонй ва мучодала ба ботил, чизи дигаре намегузарад. Аз асли дину амал ва акидаву ахлоки сомияи исломй огохии каме доранд, бал дар гуфтугуи уламо ва таълифоти онхо низ хамин хол дида мешавад. Пас лозими хол ин аст, ки уламо ба худ оянд ва аз гуфтугухои парешон боз истанд ва толибонро аз асли дину акида огохии том бифармоянд ва оммаи мусалмононро ба нармй таълим кунанд ва фикру забони онхоро ба калимоти хасно (хуб, нек)-и исломй омухта гардонанд". (جوشن امان/٥١)
Холо бошад саволхои пешниходнамудаи шуморо ба мавзуъхои зерин таксим намуда баррасй хохем кард:
1. Кабр ва саволу чавоби он
2. Кароргохи рух пас аз марг
3. Зинда шудани мурдагон дар киемат
4. Ачбуз-занаб (точ: думгоза; рус: копчик; фор: دنبالچه; ар: عجب الذنب е العصعص; анг: coccyx)
1. Кабр ва саволу чавоби он/ Азоб ва неъмати кабр
Аз аходиси набавй маълум аст, ки мурда то киемат дар гур дар азобу ранч е неъмату рохат мебошад.
Азоби кабр: Мурод аз кабр факат хуфра (чукури)-е ки мурда дар он дафн мешавад нест, балки максуд аз он хар чоест, ки шахс пас аз марг дар он карор мегирад, хох замин хох даре е шиками хайвон ва г. бошад.
Азоби кабр танхо барои кофирон ва баъзе аз муъминони гунахкор аст.
Мункар ва Накир: ду фариштаеанд, ки дар кабр аз инсон савол мекунанд. Иллати ин номгузорй ин аст, ки бо хайате бад ва зишт бар майит хозир мешаванд. Ва гуфта шудааст, ки ин холат барои кофир ва фосик аст ва барои муъмин ба сурати нек ва башоратдиханда зохир мешаванд.
Азоб ва неъмати кабр ва суолу чавоб дар он ба василаи Куръон ва суннат ба субут расидааст ва акидаи мо (ахли суннат) бар хак будани онхост. Танхо муътазилаву равофиз ва баъзе аз гуруххои навпайдои имруза онро инкор кардаанд. Шайх Абдулхак Мухаддиси Дехлавй мегуяд:
"Чун кавме аз мубтадиа ва ахли ахво, ки аксар муътазила ва баъзе равофиз бошанд, инкор кардаанд азоби кабрро ва аходиси машхура, ки кадри муштараки он ба хадди тавотур расида, дар он вуруд ефтааст. Ва салафи солех, пеш аз зухури ахли бидъат ва инкори эшон, хама эътикод доштанд бар субути он ва эътикод бар он". (اشعة اللمعات ج١ باب اثبات عذاب القبر ص١٢٣)
Бале агар хамаи хадисхои ин бобро дар ин чо зикр кунем китобе мешавад. Танхо ба чандтоаш иктифо мекунем.
عن عائشة رضي الله عنها ، ان يهودية دخلت عليها فذكرت عذاب القبر، فقالت لها: اعاذك الله من عذاب القبر، فسألت عائشة رسول الله صلي الله عليه و سلم عن عذاب القبر. فقال: نعم عذاب القبر حق. قالت عائشة: فما رأيت رسول الله صلي الله عليه و سلم بعد صلي صلاة الا تعوذ بالله من عذاب القبر. متفق عليه
[اخرجه البخاري ٢٣٢/٣ رقم ١٣٧٢ . و مسلم ٤١١/١ رقم ١٢٥ و ٥٨٦ . و النسائي ١٠٥/٤ رقم ٢٠٦٧ . و احمد ١٧٤/٦]
Яъне:
Аз модарамон Оиша (раз) ривоят аст, ки яхудизане наздаш даромад, пас ед кард он яхудизан казияи азоби кабрро. Пас ба Оиша (раз) гуфт: Панох дихад Аллох туро аз азоби кабр. Пас пурсид Оиша пайгамбари Худоро аз азоби кабр. Пас паембар фармуд: Оре азоби кабр хак аст. Гуфт Оиша (раз): пас надидам расулуллохро баъд аз ин хикоят, ки гузорад намозеро магар он ки панох бичуяд ба Худо аз азоби кабр.
Инчо хадиси дигареро, ки чавоби пурсишатонро аз он хохед ефт, оварда мешавад. Аз сабаби тулонй будани хадис танхо тарчумааш оварда мешавад.
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки Расулуллох фармуданд:
"Вакте ки майит дар кабр нихода шуд ва ерон ва касонаш боз гаштанд, дар холе ки садои кубидани кафшхояшонро бар замин мешунавад, ду фариштаи сиехчашми кабуд ба разди у меоянд, ки номи яке мункар ва номи дигаре накир аст, пас майитио мешинонанд ва ба у мегуянд:
Парвардигорат кист?
Агар муъмин бошад гуяд парвардигорам Аллох аст.
Пас аз он мепурсанд рочеъ ба ин мард (Мухаммад) чи мегуфтй?
Мегуяд: У расули Худост.
Пас ба у мегуянд чи чизе туро огох кард?
Мегуяд: Китоби Худоро хондам ва ба он имон овардам ва тасдик кардам. Пас дар ин мавеъ нидодихандае аз осмон нидо дихад, ки банда рост гуфт.
Ва агар мунофик е кофир бошад ба у мегуянд:
Парвардигорат кист?
Гуяд: ох - ох, намедонам. Ончиро ки мардум мегуянд мегуфтам. Сипас мегуянд:
Рочеъ ба Мухаммад чи мегуфтй?
Мегуяд: Намедонам, ончиро ки мардум мегуфтанд мегуфтам.
Пас ба у мегуянд:
На донистй ва на пайравй кардй.
Ва нидодихандае аз осмон нидо дихад, ки банда дуруг гуфт. (Ва онгох уро ба сахти азоб диханд) ва дар лафзи Бухорй дар охири ин хадис:
Ва зада мешавад мунофик ва кофирро ба маторик (болгахо)-и оханин, пас фаред мезанад кофир фаред задане, ки мешунавад онро хар ки наздики уст, гайри сакалайн (инсу чин).
(اخرجه البخاري ٢٠٥/٣ رقم ١٣٣٨ . و مسلم ٢٢٠١/٤ رقم ٧٠ و ٢٨٧٠ . و النسائي ٩٧/٤ رقم ٢٠٥١ . و ابو داود ١١٤/٥ رقم ٤٧٥٢)
Холо як истидлоли муътазиларо дар инкори суолу азоби кабр бо посуххояш оварда мешавад, ки дар мавзуи рух, ки аз он пурсида будед равшанй меандозад.
Муътазила гуфтаанд:
Мурда чимод (бе руху чон) аст ва руху идрок дар он нест, бино бар ин азоб доданаш махол аст ва мо муддатхо уро мебинем, ки хеч харакате намекунад ва бетоб намешавад, пас агар азоб мешуд албатта дучори изтироб мешуд ва харакат мекард.
Ба ин назар чунин чавоб дода шудааст:
1) Инсон рухе дорад, ки ба василаи он харакат мекунад ва ин умур аз осори чараени хун дар рагхост ва дар вакти марг мурда хамин рухро аз даст медихад. Ва низ рухи дарккунандае дорад, ки бо он дард ва шодиро хис мекунад. Ва хамин рухи мудрик аст, ки шахси хобида ва масту бехуш фокиди он мешаванд. [Ман мегуям: "Дар مناقب الخبار/٦٧ хамин рухи дарккунандаро 'равон' номидааст".]
Бино бар ин вакте ки мурда дар кабр нихода мешавад хамин рухи дарккунанда ба у баргардонда мешавад ва дар неъмат е азоб мешавад, мисли касе ки хобида аст ва хоб мебинад. Ва рухи харакатй, ки мухточ ба гизо, хаво ва г. Аст ба у боз намегардад. Ва мурда ба василаи он рухи идрокй хис мекунад на ба василаи ин рухи харакатй.
2) Модоме ки зиндагии пас аз марг аз зиндагии дунявй фарки зиед дорад, пас монеъе надорад, ки Худованд дар ачзоъ ва зарроти майит як навъ хаети хоссе карор дихад, то ки он чузъ азоб е рохатро дарк кунад ва мусталзими харакат ва изтироби майит намебошад.
3) Расули Худо (сав) баъд аз он ки мурдахои мушрикинро дар чохи Бадр андохтанд бо онхо сухан гуфт ва фармуд:
Эй фалонй писари фалон ва онхоро бо номхояшон садо зад, ман ончиро парвардигорам бар ман ваъда дода буд ба хак ефтам. Ое шумо хам ончиро ки парвардигоратон ваъда дода буд ба хак ефтед?
Хазрати Умар (раз) пурсид, ки е расули Худо бо мурдагоне, ки намешунаванд сухбат мекунй?
Расули Худо (сав) фармуд:
Шумо шунавотар аз онхо нестед.
Ин хадис далолат мекунад, ки онхо дорои хаети хоссеанд, ки бо он мешунаванд ва хис мекунанд.
4) Мо шахси хобидаро пеши руи худ мебинем, дар холе ки у дар хоб азоб е рохат мебинад ва бо вучуди ин мо осори онро (голибан) дар у намебинем. Модоме, ки дар хоб чунин чизе мумкин бошад, пас монеае надорад, ки барои азоб хам чунин азоб ва лаззате хосил шавад, гарчанде ки мо онро набинем.
5) Инки мо осори азоб ва лаззатро дар мурда намебинем далел бар адами вокеъ шудани он дар мурда нест, зеро Чабраил, ки ба назди Расулуллох меомад ва уро мухотаб карор медод ва бо у сухбат мекард, сахобахое ки хузур доштанд уро (Чабраилро) намедиданд.
Ин истидлол бо хамрохи панч посухаш аз китоби "شرح النسفية في العقيدة الاسلامية"-и دكتور عبد الملك عبد الرحمن السعدي сах 147-148 оварда шуд.
Хамчунин дар ин маврид дар китоби "كيمياي سعادت" сах. 95-97 маълумотхои муфидест, ки барори тулонй ва малолкунанда нашудани калом онро наовардем.
Пайгамбарон ва касоне, ки пеш аз балогат фавтидаанд дар кабр саволу чавоб карда намешаванд. Хамчунин шухадо низ аз саволу чавоби кабр бахшида мешаванд.
2. Кароргохи рух пас аз марг
Дар бораи рух миени уламо ихтилофи зиед аст. Баъзехо мегуянд, ки рух чисми латиф аст ва офарида шудааст. Баъзе гуфтаанд, ки рух араз аст ва араз он бошад, ки бо вучуди гайри худ киему истехком гирад. Баъзеи дигар гуфтаанд, ки он чавхар аст ва дар бадан чорист. Аммо кавли чумхури ахли суннат ва чамоат он аст, ки рухро танхо Аллох таъоло медонад, чунончи мефармояд:
قوله تعالى: {و يسئلونك عن الروح قل الروح من امر ربي و ما اوتيتم من العلم الا قليلا}
Тарчума: (Ва аз ту дар бораи рух мепурсанд. Бигу: рух аз амри парвардигори ман аст ва ба шумо аз илм дода нашуд магар андаке) [Исро:85]
То инчо аз китоби شرح الفقه الاكبر لابي حنيفة النعمان تاليف الملا علي محمد القاري оварда шуд. Барои маълумоти муфассал ба китоби "الروح"-и ибни Кайим (рах) мурочиа намоед.
Дар бораи чои рух баъди марг то рузи киемат низ ихтилоф аст. Гуфта мешавад, ки арвохи муъминон дар чаннат дар бадани парандахои сабз ва арвохи куфыор дар Сиччин мебошад. Баъзе гуфтаанд, ки арвохи муъминон дар чаннат аст ва арвохи кофирон дар оташ. Иддае гуфтаанд, ки арвохи муъминин дар атрофи чаннат назди дараш мебошанд, ки роихаву неъмати ризки чаннат ба онхо мерасад. Иддаи дигаре гуфтанд, ки арвох дар атрофи кабрхояшон мебошанд. Имом Молик гуфтааст, ки арвох озоданд, мераванд хар кучо ки хоханд. Тоифаи дигар гуянд, ки арвохи муъминин дар назди парвардигор мебошанд. Абуумар ибни Абдулбар гуфтааст, ки арвохи шухадо дар чаннат ва арвохи муъминон назди кабрхояшон мебошад.
Арвохи баъзе муъминон, ки карздоранд е бар онхо хукуки мазмумонанд дар назди дари чаннат махбус мемонанд, то пардохта шудани карзашон. Ба хамин маъно (махбус) аходис дар китобхои зерин омадааст ( أحمد في «مسنده»: (١٦٨٠٢)، من حديث عبد الله بن جحش رضي الله عنه. . وأخرجه مسلم في «صحيحه» كتاب الإمارة، باب من قتل في سبيل الله كفرت خطاياه إلا الدين: (٤٨٨٠) بلفظ: «إِلاَّ الدَّيْنَ فَإِنَّ جِبْرِيلَ عَلَيْهِ السَّلاَمُ قَالَ لي ذَلِكَ»، من حديث أبي قتادة رضي الله عنه)
Арвохи баъзеи онхо назди кабрхошон махбус мебошанд, ки хадисхо тамоми мавориди фавкуззикрро таъйид менамоянд.
Дар хадиси дигар омадааст:
إِنَّما نَسَمَةُ المُؤْمِنِ طَيْرٌ يُعَلَّقُ فِي شَجَرِ الجَنَّةِ حَتَّى يُرْجِعَهُ اللهُ تَعَالَى إِلَى جَسَدِهِ يَوْمَ يَبْعَثُهُ»
Яъне: Ба тахкик рухи муъмин парандаест овезон дар дарахти чаннат, то замоне ки баргардонад уро Аллох таъоло бар часадаш рузе, ки уро зинда мегардонад.
(أخرجه النسائي في «سننه» كتاب الجنائز، باب أرواح المؤمنين: (٢٠٧٣)، وابن ماجه في «سننه» كتاب الزهد، باب ذكر القبر والبلى: (٤٢٧١)، وأحمد في «مسنده»: (١٥٣٦٥)، من حديث كعب بن مالك رضي الله عنه.
Ва монанди инхо хадисхо зиеданд ва барои маълумоти бештар ба китоби китоби "شرح العقيدة الطحاوية"-Алй ибн Алй ибн Мухаммад ибн Абилъиззи Ханафй (ваф:792х) мурочиа намоед. Хамчунин ба китоби "الروح"- и аллома ибни Кайим.
3. Зинда шудани мурдагон дар киемат
Мо (ахли суннат ва чамоат) акида дорем, ки баъс (зинда шудан)- и пас аз марг хак аст, ки бо Куръон ва суннат собит шудааст. Ва дар ин зинда кардани охират рух ва чузъхои чисми худ мепайвандад, то чое ки изи ангуштон ва пусти хатнагох баркарор мешаванд. Файласуфон гуфтаанд, ки мурдагон зинда намешаванд ва танхо рухи онхо махшур мешавад ва ин куфр аст, зеро мухолифи нусуси Куръон ва суннат мебошад. Ва тамоми далоил возех ва ошкоранд, ки растохези чисмхо ба хамрохии рух мебошад, зеро барахнагй ва уренй ва бокй будани пусти хатнагох ва зинда кардани устухонхои пусида хама аз лавозимоти чисм аст, ки дар аходис омадаанд.
Барои маълумоти муфассал оиди мункирини киемат ва фалосифа бо чавоби шубхахояшон ба китоби "شرح النسفية في العقيدة الاسلامية" сах: 151-156 ва шархи акидаи Таховй- и Абиъиззи Ханафй мурочиа намоед.
4. Ачбуз-занаб (думгоза)
Ачбуз-занаб устухонест, ки дар интихои сутунмура миени ду сирин вокеъ шудааст. Баъзе мегуянд, ки ин як кисми думгоза мебошад, ки онро ба чашм дида намешавад, танхо ба асбобхои махсуси пешбин метавон онро дид. Илми муосир исбот кардааст ч,анин дар батни модар аввалин узвеаш, ки пайдо мешавад думгоза аст ( Primitive Streak) ва бокй аъзо аз он инкишоф меебанд. Хамчунин паембар (сав) ба хукми эъчоз аз он хабар додаанд, ки пайдоиши хилкати инсон аз он аст ва он фано намешавад ва рузи киемат часади одамй аз он пайванд дода мешавад.
و عن ابي هريرة قال قال رسول الله صلي الله عليه و سلم:
و ليس من الانسان شيء لا يبلي الا عظما واحدا، و هو عجب الذنب، و منه يركب الخلق يوم القيامة. متفق عليه و في رواية لمسلم ، قال:
"كل ابن ادم يأكله التراب الا عجب الذنب، منه خلق و فيه يركب" ( اخرجه البخاري ٦٧٩/٨ رقم ٤٩٣٥ . و مسلم ٢٢٧٠/٤ رقم ١٤١ و ٢٩٥٥ . و ابو داود ١٠٨/٥ رقم ٤٧٤٣ . و احمد في المسند ٣٢٢/٢)
Яъне: Хама чиз аз ачзоъ ва аъзои инсон кухна шавад ва пусидаву фарсуда гардад, магар як устухон, ва он ачбуз-занаб аст ва аз ин устухон таркиб дода мешавад ва пайванд дода мешавад пайдоиши часади одами.
Ва дар ривояти Муслим:
Хамаи часади одамизодро хок мехурад, магар ачбуз-занабро. Аз вай пайдо карда шудааст дар аввали хилкат ва дар вай таркиб дода мешавад дар рузи киемат.
و آخر دعوانا ان الحمد لله رب العالمين
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев