Савол:
Агар марде дар даст ангуштари тилло кунад хукмаш чист?
Дар дохили намоз хукмаш чист?
Чавоб:
Истеъмоли тилло барои мардон чи дар намоз бошад чи берун аз намоз харом мебошад.
عن ابي موسي الاشعري رضي الله عنه ان رسول الله صلي الله عليه و سلم قال: "حرم لباس الحرير و الذهب علي ذكور امتي، و احل لاناثهم". [الترمذي ٣٠٢/١]
Аз Абумусои Ашъарй (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (сав) фармуданд:
"Пушидани абрешим ва тилло бар мардони умматам харом ва бар занони умматам халол мебошад". (Тирмизй:1/302)
Аммо намоз хамрох бо истеъмоли тилло, аз кабили ангуштари тилло дар даст кардан, дуруст аст ва дар намоз хеч халале ворид намешавад. (عزيز الفتاوي ص٣١٥)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев