Хамчунин ое намози шахсе, ки Куръонро нодуруст ва бе тачвид мехонад дуруст аст?
Фукахои киром рахимахумуллох барои галате дар кироат ин коидаи куллиро навиштаанд, ки хар галате ки дар маъно тагйири аз хад зиед пайдо кунад, ки ба сабаби эътикод ба он маънои тагйирефта куфр лозим ояд, намоз фосид мешавад, хох пеш аз кироати 3 оят чунин галате содир шавад, хох баъд.
Ва он галате, ки ба сабаби он дар хайати харф фарк пайдо шавад, масалан замма, фатха, касра бадал шаванд е дар ташдид ва тахфиф, мад ва каср фарк пайдо шавад намоз фосид намешавад, албатта агар тагйири зиед шавад намоз фосид мешавад.
Хамчунин агар дар харфе тагйире пайдо шавад, ки ба сабаби он маъно дигаргун шавад боз хам намоз фосид мешавад, варна фосид намешавад, хох тагйир дар 1 харф бошад е дар зиеда аз он.
Ва агар харферо ба харфи дигар табдил дихад, ки ба сабаби он дар маъно тагйир пайдо шавад, пас дар ин сурат агар дар байни он ду харф бе машаккат фарк карда метавонист ва бо вучуди ин фарк накард, намоз фосид мешавад.
Ва агар фарк кардани миени он ду харф душвор бошад, мисли фарки байни "س" ва "ص" ва байни "ظ" ва "ض" ва байни "ط" ва "ت", пас агар касдан чунин бихонад намоз фосид мешавад. Ва агар бе касд хаминтавр аз дахон барояд е ончунон ноогох ва бесавод аст, ки фарки онхоро надонад намозаш дуруст мешавад.
Ман мегуям:
"Аммо ба хар хол дар замони мо, ки китобхои гуногун равонхонй ва тачвиди Куръон, хатто бо хатти кирилй, дастраси тамоми мардум аст, боз хам нодурусту галат тиловат кардани Каломи Аллох Таъоло дур аз инсоф ва бепарво будан нисбати дин аст. Бинобарин бар гардани хар мусалмони окилу болиг омухтани равонхонй ва тачвиди Куръони Карим фарзи айн аст".
Хамчунин агар лафзеро зиеда карда бихонад, ки ба сабаби он дар маъно тагйир пайдо шавад намоз фосид мешавад, хох он лафзи зиедатй аз Куръон бошад е на. Ва агар ба сабаби он лафзи зиедатй дар маънй тагйир пайдо нашавад ва дар ягон чойи Куръон омада бошад, бо иттифоки олимон намоз дуруст мешавад. Аммо агар он лафзи зиедатй Куръонй набошад, яъне дар хеч чойи Куръон наомада бошад, дар ин сурат ихтилоф аст, назди Имом Абуюсуф намоз фосид мешавад ва назди дигар аиммаи киром рахимахумуллох намоз фосид намешавад.
Ба хар хол дар суратхои мазкур уламои мутааххирин дар бисер чойхо гунчойиш пайдо карда, осониро ихтиер кардаанд ва бар дуруст шудани намоз фатво додаанд. Аммо уламои мутакаддимин эхтиетро ихтиер намуда, бар дубора хондани намоз фатво додаанд.
Аз хамин чихат намозгузоронро мебояд, ки дар ин масоил эхтиет кунанд ва дар вакти зарурат ба олимон мурочиат намоянд.
(رد المحتار "شامي" ج1 ص444).
Бародарон ва хохарони гиромикадр то ин чо мо такрибан 50 масъалаи мухимме, ки ба сахви дар кироат вучуд дошт ба кадри имкон ва ерии Аллох Таъоло дастраси шумо гардонидем. Холо агар Худованд даст дихад оиди масоили мухимми сахв дар рукуъ ва сучуд, сахв дар теъдоди ракъатхо, сахв дар каъда ва ташаххуд, сахв дар такбирот, дар азкору тасбехот, сахв бар лохику масбук ва дигар маълумотхои барои мардум зарурй муфассал ба шумо маълумот медихем. Аз шумо эхтиромона хохиш мешавад, дар хакки банда ва касоне ки дар сахифа хизмат мекунанд ва касоне, ки мехонанду ба дигарон мерасонанд, баъди намозхо ва дигар вактхо дуои хайру баракат бикунед. Худованд карда бошад, ки иттиходу якдилй ва мухаббату якдигарфахми миени уммати човидони Ислом то ба киемат побарчо бошад ва ин уммат он илм ва кудратеро аз даст додааст боз насибашон гардад. Омин е АрхамарРохимин.
و صلي الله علي سيدنا محمد و علي آله و أصحابه أجمعين الي يوم الدين بعدد كل شيء في الدنيا و الآخرة في كل حين و زمان و مكان الف الف.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев