Ҳозир гаштан ба намози ҷамоат бо яке аз сабабҳои зерин аз намозгузор соқит мегардад:
1. Борони сахте, ки роҳи масҷидро душворгузар намояд.
2. Сардӣ ва сармои сахт.
3. Тарс бар ҷон, аҳлу аёл ва ё бар моли худ, агар ба ҷамоат ҳозир шавад.
4. Торикии сахт.
5. Зиндонӣ будан.
6. Нобиноӣ.
7. Фалаҷ будан.
8. Ќатъ будани дасту пой.
9. Ранҷурӣ (ҳар гуна дардҳои ориз ва сахте, ки муваққатан монеи ҳузури шахс ба намози ҷамоат мегарданд).
10. Гирифторӣ ба дарди музмин (касалии барҷомонда).
11. Лойу чал будани роҳҳо ва кўчаҳо.
12. Пирамардӣ ва солхўрдагӣ.
13. Ҳозир шудани таом дар ҳолати гуруснагии сахт.
14. Қасди сафар ва омодабош барои он.
15. Парасторӣ аз бемор.
16. Боду тўфони сахт дар шаб.
(Фиқҳи Иcломӣ)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев