«Бандаам модоме, ки ъамалҳои нафл мекунад, ба ман дар наздик шудан аст, то он ки уро дуст дорам. Чун уро дуст доштам, самъи(гуш) у мешавам-ки бо он мешунавад ва басари (чашм) у мешавам- ки бо он мебинад, ва дасти у мешавам-ки бо он мегирад ва пои у мешавам- ки бо он меравад. Агар маро суол кунад, ато мекунам ва агар ба ман паноҳ ҷуяд, паноҳ медиҳам».
(Ба ривояти Бухори).
Дар қуръон ҳамчунин Худованд фармудааст:
«Чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд, бигу, ки ман наздикам ва ба нидои касе, ки маро бихонад, посух медиҳам.»
(Бакара:186).
Ҳамчунин мо бандагон ҳамаруза Фотиҳа мехонему тасдиқ мекунем ки:
-«Фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем!—яъне Илоҳо ғайриТу дигареро намепарастем ва ҳамчунин аз Ту ва танҳо аз Tу ёри мехоҳем»!
Дар кадоми ин ояҳои қуръони ва ё аҳодиси Набави иҷозат шудааст ки гар ҳоҷате дорем, беморем, кушоиш мехоҳем ва ғайра – ба қабристону зиёратгоҳи мурдагон равему ҳоҷат хоҳем? Ва ё бе «миёнарави»-и онҳо дуъо кабул намешуда бошад?
Оё мо аз ин ояҳову аҳодис пайрав шавем ва ё гуфтаи ким кадом «ноМуллои» дуруғгуеро ки барои киссаву «нафси палид»-и худ ҳаракат мекунад мардумонро фиреб диханд пайрави намоем?
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:
لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتْ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدٌ، فَقُولُوا عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ
رواه البخاري
«Маро наситоед(парастиш накунед), ҳамчунон, ки Насоро ибни Марям (Исо)ро сутуданд, аммо ман бандаам, пас бигўед, бандаи Худо ва расули Ў». (Бухорӣ).
Расули Худо ки фармудаанд ки маро ситоиш накунед- яъне пас аз ман аз ман ҳоҷатхоҳи накунед, ба ман ъибодат накунед. Балки аз Холиқи Ман ҳоҷат бихоҳед!
Пас ба қабри Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ки ин ъамалҳо щирк бошад- ба ин қабрҳои дигар «азизони Худо» чист!? Оё ин щирк нест?
Он тарафашро худатон фикр карда ъамал кунед ва ба ҳеҷ як дуруғгуву риёкор бовар накунед- чун мо пайрави Қурьону Суннатем на пайрави гап гапи мардуму дуруғгуён!!!
Хоҳед ки Аллоҳ (ҷ. ҷ) шуморо муваффақ намояд танҳо ва танҳо пайрав аз Каломаш бошед ва аъмоли Ҳабибашро сархатти зиндагии худ қарор диҳед!
Худованд дар каломаш бар мо мефармояд:
«Чизҳоеро, ки паёмбар барои шумо овардааст, иҷро кунед ва аз чизҳое, ки шуморо аз он боз доштааст, даст бикашед». (Сураи Ҳашр:7).
Ва низ Худованд фармуданд:
«Дар ҳар чизе, ки ихтилоф дошта бошед доварии онро ба Худо вогузор мегардад». (Сураи Шуро:10)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев