🌸Масала -1🌸
Равишҳои дуруст ва саҳеҳи
вузуъ (таҳорат) кардан
барои ҳар фарди мусалмон..
╰┅─~~~═ঊঈ💞ঊঈ═~~~─┅╯
✅👉Фроизи вузуъ (таҳорат) 4-то мебошанд.
Агар дар вақти таҳорат кардан бар андозаи сари сузан яке аз ин чаҳор аъзо хушк бимонад таҳорат дуруст намешавад.
《1》Шустани сурат (руй) аз маҳали руйдани муй то зери чона.
《2》Шустани ҳарду даст то оринҷҳои даст.
《3》Маҳс кардани як чаҳоруми (чоряки) сар.
《4》Шустани ҳарду пой то қузак (биҷилаки) пой.
✅👉Сунатҳои вузуъ (таҳорат)13 то мебошанд.
《1》Ният кардан.
《2》Дар аввали Таҳорат Бисмиллоҳи раҳмони раҳим гуфтан.
《3》Шустани дастҳо то муч (банди) даст.
《4》Мисвок задани даҳон (мисвок кардани даҳон).
《5》Обро дар даҳон чархонидан.
《6》Шустани бини (об дар бини кардан).
《7》Риш ро хилол кардан ( яъне бо дасти рост, ки тар аст риш ро хилол кардан.
《8》Халол кардани миёни ангушҳои дусту пой.
《9》Ҳар узви бадан ро се мартаба шустан.
《10》Як мартаба масҳ кардани тамоми сар.
《11》Масҳ кардани гушҳо.
《12》Ба тартиб ва пайдарпай (паёпай) шустани ҳар узви бадан.
✅👉Мустаҳаботи таҳорат 5-то мебошанд.
Риоят кардани ин паҷ маврид дар вақти таҳорат кардан беҳтар мебошад ва савоб дорад.
《1》Нишастан бар ҷои баланд ва пок.
《2》Руй бар тарафи қибла нишастан.
《3》Кумак нагирифта дар ҳангоми таҳорат кардан аз дигарон (агар тавони таҳорат карданро худаш ба танҳои дошта бошад аммо агар тавони надошт метавонад).
《4》Пушти гарданро масҳ кардан.
《5》Дар ҳангоми таҳорат кардан аз тарафи рост шуруъ кардан.
✅👉Шиканандаҳои таҳорат 8-то мебошанд.
Таҳорат бо яке аз ин ҳашт маврид мешиканад.
《1》Бо пешоб (қазои ҳоҷат) кардан таҳорат мешиканад.
《2》Бо хориҷ шудани бод аз шикам ҳам таҳорат мешиканад.
《3》Бо хориҷ шудани хун ё чирк аз бадан.
《4》Бо истифроғ (партофтан) ба андозаи пури даҳон.
《5》Бо хоб рафтан бар ҳолат такиязада ва дароз кашида.
《6》Бо беҳуши ва дивонаги.
《7》Бо қаҳқаҳа (хандидан) дар даруни намоз.
✅👉Макруҳоти таҳорат 4-то мабошанд.
Анҷом додани ин чаҳор кор дар вақти таҳорат кардан хуб намебошад.
《1》Нишастан бар ҷои нопок дар ҳолати таҳорат кардан.
《2》Суҳбатҳои беҳуда кардан дар вақти таҳорат.
《3》Тамиз кардани бини бо дасти рост.
《4》Бар хилофи сунати Расули худо (с) таҳорат кардан.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев