Аз раҳмати Аллоҳ ноумед мабош, эй азизи дил!!!
Аллоҳ бисёр Бахшандаю Меҳрубон аст...
"Биё бо ҳам сайре дошта бошем ба боғи Қуръон,
Ки оёти раҳмат фаровон аст, эй инсон!"
Аллоҳи Меҳрубон мефармояд:
( ﻗُﻞْ ﻳَﺎ ﻋِﺒَﺎﺩِﻱَ ﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﺃَﺳْﺮَﻓُﻮﺍ ﻋَﻠَﻰٰ ﺃَﻧْﻔُﺴِﻬِﻢْ ﻟَﺎ ﺗَﻘْﻨَﻄُﻮﺍ ﻣِﻦْ ﺭَﺣْﻤَﺔِ ﺍﻟﻠَّﻪِ ۚ ﺇِﻥَّ ﺍﻟﻠَّﻪَ ﻳَﻐْﻔِﺮُ ﺍﻟﺬُّﻧُﻮﺏَ ﺟَﻤِﻴﻌًﺎ ۚ ﺇِﻧَّﻪُ ﻫُﻮَ ﺍﻟْﻐَﻔُﻮﺭُ ﺍﻟﺮَّﺣِﻴﻢُ )
« Бигӯ: Эй бандагони ман, ки бар худатон зиёда рави кардаед! Аз раҳмати Аллоҳ ноумед мабошед; бе гумон Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомӯрзад ва Ӯ бас омӯрзгор ва меҳрубон аст». (сура Зумар/53)…
Ва боз мефармояд:
( ﻭَﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﺇِﺫَﺍ ﻓَﻌَﻠُﻮﺍ ﻓَﺎﺣِﺸَﺔً ﺃَﻭْ ﻇَﻠَﻤُﻮﺍ ﺃَﻧْﻔُﺴَﻬُﻢْ ﺫَﻛَﺮُﻭﺍ ﺍﻟﻠَّﻪَ ﻓَﺎﺳْﺘَﻐْﻔَﺮُﻭﺍ ﻟِﺬُﻧُﻮﺑِﻬِﻢْ ﻭَﻣَﻦْ ﻳَﻐْﻔِﺮُ ﺍﻟﺬُّﻧُﻮﺏَ ﺇِﻟَّﺎ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻭَﻟَﻢْ ﻳُﺼِﺮُّﻭﺍ ﻋَﻠَﻰٰ ﻣَﺎ ﻓَﻌَﻠُﻮﺍ ﻭَﻫُﻢْ ﻳَﻌْﻠَﻤُﻮﻥَ )
« Ва онҳое, ки ҳаргоҳ кори зиште анҷом диҳанд ё бар хештан ситам намоянд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва аз гуноҳони худ талаби омӯрзиш мекунанд ва чи касе ҷуз Аллоҳ гуноҳонро меомӯрзад? Ва онҳо бар кардаи худ дар ҳоле, ки медонанд исрор намеварзанд». (сура Оли – Имрон/135)…
Ҷои дигар боз мефармояд:
( ﻭَﻣَﻦْ ﻳَﻌْﻤَﻞْ ﺳُﻮﺀًﺍ ﺃَﻭْ ﻳَﻈْﻠِﻢْ ﻧَﻔْﺴَﻪُ ﺛُﻢَّ ﻳَﺴْﺘَﻐْﻔِﺮِ ﺍﻟﻠَّﻪَ ﻳَﺠِﺪِ ﺍﻟﻠَّﻪَ ﻏَﻔُﻮﺭًﺍ ﺭَﺣِﻴﻤًﺎ )
«Ва ҳар кас кори бад кунад ё бар худ ситам намояд ва сипас аз Аллоҳ омӯрзиш биход, Аллоҳро омӯрзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт». (сура Нисо/110)…
Пас эй дустам, биё талаби мағфират кунем аз Аллоҳе, ки ба мо хеле наздик аст!!!
( ﻭَﺇِﺫَﺍ ﺳَﺄَﻟَﻚَ ﻋِﺒَﺎﺩِﻱ ﻋَﻨِّﻲ ﻓَﺈِﻧِّﻲ ﻗَﺮِﻳﺐٌ ۖ ﺃُﺟِﻴﺐُ ﺩَﻋْﻮَﺓَ ﺍﻟﺪَّﺍﻉِ ﺇِﺫَﺍ ﺩَﻋَﺎﻥِ ۖ ﻓَﻠْﻴَﺴْﺘَﺠِﻴﺐُﻭﺍ ﻟِﻲ ﻭَﻟْﻴُﺆْﻣِﻨُﻮﺍ ﺑِﻲ ﻟَﻌَﻠَّﻬُﻢْ ﻳَﺮْﺷُﺪُﻭﻥَ)
«Ва ҳаргоҳ бандагонам, аз ту дар бораи ман мепурсанд, пас (дар ҷавобашон бигӯ) бегумон ман наздикам ва дуои дуокунандаро бадонгаҳ, ки маро бихонад, иҷобат мекунам, пас бояд аз ман талаби иҷобат намоянд ва ба ман имон биёваранд то комёб ва раҳоёб гарданд». (сура Бақара/186)…
( ﺃَﻣَّﻦْ ﻳُﺠِﻴﺐُ ﺍﻟْﻤُﻀْﻄَﺮَّ ﺇِﺫَﺍ ﺩَﻋَﺎﻩُ ﻭَﻳَﻜْﺸِﻒُ ﺍﻟﺴُّﻮﺀَ ﻭَﻳَﺠْﻌَﻠُﻜُﻢْ ﺧُﻠَﻔَﺎﺀَ ﺍﻟْﺄَﺭْﺽِ ۗ ﺃَﺇِﻟَٰﻪٌ ﻣَﻊَ ﺍﻟﻠَّﻪِ ۚ ﻗَﻠِﻴﻠًﺎ ﻣَﺎ ﺗَﺬَﻛَّﺮُﻭﻥَ )
« Оё бутҳо ва маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки ба фарёди дармонда мерасад, вақте, ки Ӯ-ро бихонад ва мушкилу ранҷро дур менамояд ва шуморо ҷонишиноне дар замин мегардонад? Оё бо Худо маъбуди дигаре аст? Бисёр андак панд мепазиред?». (сура Намл/62)…
Агар умре гунаҳ карди машав ноумед аз раҳмат...
Оре!
Ин даргаҳи мо даргаҳи ноумеди нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, Боз ой!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев