Аввалан дуруд ба ахли дехаи шарафманди Саро. Сониян гуфтани хастам ва умеди калон дорам, ки ин маколаи ман боиси бад бини байни хамдигар нагардад, ва лутф карда хохиш мекунам, ки манро ва аз он чумла шахсони масьулро низ дашном надихед, ва фикри худро да зер бо адабона нависед.
Хело ва хело зиед фикр кардам ва, ба хулосае омадам, ки шояд аз навистани ин, кори хубе барои хамдехагонам карда битавонам, зеро ин Бори аввал нест, ки мардуми мухочир аз шиками худ зиед оварда барои пешравии деха хостанд сахмгузори кунанд, лекин маблагхо ба чойхои худ рафта намерасанд, ва дар дасти ташкилотчихо мемонанд ë ба дигар корхо сарф карда мешаванд. Агар кор ин тавр давом кардан гирад, дигар дар оянда нафаре хохиши ердам кардан ба дехаро ба фикр нахохад овард, хулосаро кутох мекунам ва саволи ман чунин аст.
ДАР МОХИ РАМАЗАН (2023сол)ПУЛЕ, КИ БАРОИ МОШИНИ ËРИИ ТАЪЧИЛИ (СКОРАЯ ПОМОЩЬ) ЧАМЬ КАРДА БУДЕМ , КУЧО ШУД ВА ЧАРО ТО ХОЛ ДАР НАЗДИ БЕМОРХОНАИ ДЕХА ИН НАКЛИЕТ БА ЧАШМ НАМЕРАСАД!!!?
Ман аз ташкилотчихо эхтиромона хохиш мекунам, ки харчи зудтар аз паи кор шаванд, ë агар аз ухдаи кор набароянд ба ягон одами масулият хис мекардаги маблагро диханд, то накриетро барои беморхона дастрас намояд.
Агар ин кор дар мухлати муаян ба чой оварда нашавад ман номи ташкилотчихоро бо коментария менависам, ва шояд аризае хам ба милитсия тайер кунем.
Дар охир ба хамма барори кор ва дар рохи хак буданро таманно мекунам, ассалому алейкум.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2