____________________________________________________
Во дарего гам ба чои шодмони дидаам
Ормонхои диламро ормони дидаам
Дар бахои умри худ номехрубони дидаам
Ман чи кардам ки балои ногахони дидаам
Бачаам марги туро дар зиндагони дидаам
===================================
Кош мемурдам намедидам ба чашмон мурдаат
Ман чи сон барсар барон умри басарнобурдаат
Дар дилам чун дог монад чои пайкон хурдаат
Гашти озори дигар бар Модари озурдаат
Бачаи ду дидаи зебои худ пушидаам
==================================
Бачаи коматбаланду пахлавони оча
Хушбуруту хушкалому мехрабони оча
Кабкаки рахшонтарини осмони оча
Бехтарини орзуву ормони оча
==================================
Тунд рафти як даме шахболи шахбозам шикаст
Шохаи умри чавонат айни парвозат шикаст
Об гуфти дар гулуят мавчи овозат шикаст
Ташна рафти аз чахон аз остони оча
==================================
Куртаю шими туро монанди гул буй мекашам
Хоки попуши туро хардам ба абру мекашам
Мешинохт уро чу ханчар дар бари руй мекашам
Эй гули дар айни бишкуфта хазони оча
==================================
Харгахе меомади пур аз ту мешуд хонаам
Мешуд аз нав рост дам узвхои шонаам
Оламе мегашт пур аз донаи шукронаам
Холи бимурди ба як дам хонадони оча
==================================
Эй чанори сабзу хуррам чаппагардон бинамат
Эй укоби тезфар дар хок яксон бинамат
Эй гули гулпуши ман дар куртаи зон бинамат
Эй ки бишкасти ба ними рах миени оча
==================================
Ман ба умри то ба хаштоди ту бовар доштам
Пушти пар будам агарчи бо ту шахпар доштам
Бача дорам гуфта сад умеди дигар доштам
Холи бимурди ба як дам хонадони оча
==================================
Мекапад дасти падар имруз тобути туро
Оча бусад пайкари зардоби хулбути туро
Завчаат пешонаву лабхои чун тутии туро
Тутии хомуши ман ширинзабони оча
===================================
Куввати дил пораи чон нури чашмон бачаам
Дидагиренро бикарди синабирен бачаам
Рехти аз хушаи умед чун дог бачаам
Давлати чамьи маро карди парешон бачаам
Хайфи ту эй бачаи дар хуни худ гаркидаам
===================================
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 38