🔸 Матни пурсиш:
Се суъол ба шарҳи зер дорам ки хоҳишманд аст дар хусуси онҳо изҳори назар фармойед:
А) Дар ояи «إنّ إلینا إیابهم», замири «نا» ба чи кас ё касоне бар мегардад? Чаро аз замири «ی» истифода нашудааст?
Б) Аз онҷойе ки Худованд дар бархӣ оёти Қуръон аз замири мутакаллими ваҳда истифода кардааст, чи манзури мутафовите аз оёте ки аз замири мутакаллми маъалғайр истифода кардааст, дорад?
В) Дар мавриди ду ояи «الله یتوفّی الأنفس» ва «یتوفّاکم ملک الموت» изҳори назар фармойед.
Муташаккирам
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Замири «نا» дар ояи муборакаи ﴾إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ﴿[п/1]; «Бегумон бозгашти онон ба сӯӣ Мост», ба Худованди баландмартаба боз мегардад; Чунонки дар оёти дигаре ба ин маъно тасриҳ шуда ва ба унвони намуна, омадааст: ﴾اللَّهُ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ﴿[п/2]; «Худованд офариниширо оғоз мекунад ва сипас бар мегардонад ва сипас ба сӯӣ Ӯ боз мегардед» Ва омадааст: ﴾وَلَهُ أَسْلَمَ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ طَوْعًا وَكَرْهًا وَإِلَيْهِ يُرْجَعُونَ﴿[п/3]; «Ва ҳар кас дар осмонҳо ва замин аст хоста ва нохоста таслими Ӯ шудааст ва ба сӯӣ Ӯ боз мегарданд» Ва омадааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3030/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев