Ҷасорати фалсафии Ҳакими Розӣ то ин ҳад будааст, ки ӯ Арасту ва фалсафаи арастуиро мавриди шакку тардиди ҷиддии илмӣ қарор дода, алайҳи фаҳмишҳои маъмулии фалсафию динии замонӣ қиём намудааст. Розӣ на танҳо фалсафаи арастуиро интиқод кард, балки равиши наве дар қиболи он ироа дод. Дар ин маврид Розӣ навиштааст: “Ин усуле, ки барои фикри башар вазъ шудааст ва ҳалли тамоми мушкилоти фикрии башарро бад-онҳо боз бастаед, қатъӣ ва қонеъкунанда нест” (9,1). Илова бар ин, Розӣ минҳайси файласуфи ҷадалӣ (диалектик) усули нақди фалсафӣ, нигариши мантиқӣ ва сабки таҷрибавиро дар таҳлилу арзёбиҳои илмию фаннӣ ҷорӣ карда, асрҳо қабл аз Френсис Бекон (1561-1626) ва Рене Декарт (1696-1650) равиши таҷрибавӣ ва шеваи баррасиҳои мантиқиро бар мабнои хирадбоварӣ пешниҳод намуд.
Ӯ дар китоби машҳури “Тибби руҳонӣ” ба калидвожа ва калидмафҳуми фалсафии “хирад” таваққуф намуда, дар ин замина менависад: “Хирад бузургтарин мавоҳиби Худо ба мост ва ҳеҷ чиз нест, ки дар судрасонӣ ва баҳрабахшӣ бар он сар ояд... Бо хирад бар он чи моро бартар месозад ва зиндагонии моро ширину гуворо мекунад, даст меёбем ва ба хосту орзуи худ мерасем... Хирад аст, ки ба василаи он афъоли ақли худро пеш аз он ки бар ҳавос ошкор шаванд, тасаввур мекунем ва аз ин раҳгузар онҳоро чунон дармеёбем, ки гӯйӣ эҳсосашон кардаем...”(9,5-6). Дар зимн, Розӣ дар таърихи афкори фалсафии ҷаҳонӣ ба унвони бузургтарин симои хирдагаройи башарӣ муаррифӣ шудааст. Беҳуда нест, ки яке аз машҳуртарин муҳаққиқони осори исломӣ Габриэл Фрон Розиро бузургтарин хирадгаройи ҷаҳони то қарни ҳафдаҳум шумурда, доктор Парвизи Спитамон дар китоби “Ҳакими Розӣ” осори файласуфро “Шоҳнома”-и фалсафии паҳнои Ирон муаррифӣ карда, менависад: “Ҳамон тавр ки Фирдавсӣ ҳамосаҳои миллии Иронро дар “Шоҳнома” эҳё намудааст, афкору андешаҳо ва осори фалсафии Ҳаким Розиро ҳам, ки нашъатгирифта аз фалсафаи хирадгароёнаи Ирони бостон аст, ба ҳақ мебояд “Шоҳнома”-и фалсафии Ирон номида шавад” (9,6).
Розӣ дар поёни рисолаи “Сирати фалсафӣ” бад-он ишора мекунад, ки ҳеҷ гоҳ қадам аз эътидол фаро наниҳодааст ва дар муроҷеа ба мухолифонаш мегӯяд, ки фаразан, агар ман дар қисмати амал муқассирам, вале дар қисмати илми ман чӣ метавонед бигӯед ва бо ин байт рисоларо ба поён мебарад: “Ба илми ман рафтор кун, агар дар амал муқассир ҳастам, илми ман туро суд медиҳад ва амали ман туро зиён намерасонад” (8,233). Дар зимн, китоби “Сират-ул-фалсафия”-ро Розӣ маҳз ба хотири дифоъ аз хеш таълиф карда, дар он худро ба сифати файласуф муаррифӣ сохта, шеваи фалсафидани худро аз табиб будан боло донистааст. Ба сухани дигар, Розӣ худро бештар файласуф медонистааст, то пизишку табиб (13,167).
Гузашта аз ин, Розӣ бар мабнои тафаккури интиқодӣ ва дидгоҳи фалсафӣ кулли масоили мавҷудаи замонию макониро мавриди шакку тардиди мантиқӣ қарор додааст. Аз ҷумла, бархурди мантиқӣ-илмӣ ва интиқодии ӯ бо дин, ки он замон ҳарфи аввалро мезад ва чархаи калидии ҳаётӣ ва умури асримиёнагӣ маҳсуб меёфт, файласуфи ҷиддӣ буданашро ба намоиш мегузорад. Розӣ динро аз фалсафа ҷудо медонад ва дар ҷараёни арзёбию баррасиҳои илмию мантиқӣ равиши фалсафиро дунбол менамояд. Аз сӯйи дигар, интиқоди мунсифонаю мудаллалонаи назароти Арасту ва фалсафаи машшоия, ки дар он замон дар садри феҳристи афкори фалсафӣ қарор дошт, симои фалсафии Розиро бармало мекунад (13,172).
Розӣ минҳайси файласуфи замон бо такя ба равиши илмӣ ва мавқеияти мантиқӣ дар радди андешаву афкори файласуфону мутафаккирону донишмандону мутаддайинони пешину пасин китобҳо навиштааст, аз ҷумла: дар нақзи китоби “Ат-тадбир”, нақзи китоби “Фарфуриюс ило ан Абумансурӣ”, “Ҷавоба ан интиқоди Абилқосим алайҳ”, “Фи эзоҳи ғалат-ул-мунтақид алайҳи фи илм-ил-илоҳӣ”, “Фи интиқод ва-т-тазҳир илал аҳл-ил-эътизол”, “Ал-ишфоқ алал мутакаллимин”, “Нақз ал-китоб-ул-вуҷуд лӣ Мансур бинни Талҳа”, “Ар-рад алал Сис ас-санавӣ”, “Ар-рад ала Шаҳид фӣ луғз-ул-маъод” (13,173).
Муҳаққиқ ва файласуфи муосири тоҷик академик Мусо Диноршоев бар мабнои мутолеоту мурурот дар заминаи фалсафаи Розӣ ба натиҷае мерасад, ки истифодаи панҷ унсур (дар баробари чаҳор унсури маъмулӣ) дар фаҳмишу баҳогузории фалсафии пайдоиши олам ва бар хилофи андешаҳои маъмулии илмии замонӣ ҳаракат кардани Розӣ симои ҷиддии фалсафии ӯро дар қиболи кӯҳи афкори дар ҷомеа мусаллати асримиёнагӣ хеле хуб ба ҷилва дармеоварад (2,140).
Муҳаққиқон бар он ишора мефармоянд, ки симои фалсафии Розӣ дар ойинаи фарҳанги асримиёнагӣ ба увнони файласуф хеле камранг аст ва ӯро бештар минҳайси табибу кимиёшиноси маъруф муаррифӣ кардаанд, дар ҳоле ки андешаву орои фалсафии Розӣ аз тарафи мусаннифону муаллифони мутақаддим ё рад шудааст ва ё ин ки аз онҳо сарфи назар кардаанд. Тавре ки дар боло тазаккур ёфт, андешаву дидгоҳи илмию фаннии Розиро нафарони зиёде аз зумраи муҳаққиқину мусаннифину мутафаккирини асримиёнагӣ бо шумули Абунасри Форобӣ, Ибни Ҳайсам, Ибни Ҳазми Андалусӣ, Ибни Ризвони Мисрӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ибни Маймун, Шаҳиди Балхӣ, Муҳаммад бинни Ямони Самарқандӣ, Аҳмад бинни Марзуқии Исфаҳонӣ, Фахриддини Розӣ, Наҷмиддини Котибӣ нақд кардаанд (13,164).
Мероси Закариёи Розӣ, бо он ки мавриди ҳамлаи ақидатию фикрӣ ва сиёсию мафкуравӣ қарор гирифтааст, дар бозшинохти мушкилоту уқдаҳои фикрию равонию ахлоқию ақидатию иҷтимоӣ ба насли имрӯзу ояндаи мо кумак мекунад. Новобаста аз он ки бо Розӣ файласуфону донишмандони мо -- аз Форобию Ибни Сино шуруъ карда, то Носири Хусраву Ғаззолӣ часпида, нуқтаназароти фалсафию илмии ӯро эрод гирифтаанд, ҳамоно андеша, дидгоҳ, нақду арзёбиҳояш, ки бар мабнои далоили ақлӣ, мадорики фикрӣ, мушоҳидаву қиёсоти мантиқӣ ва таҷрибаву озмоишоти амалӣ рӯйи кор омадаанд, моро дар шинохти ҳаводис ва тааммул дар кори коиноту ҷомеа кумак мерасонанд. Асрҳо қабл аз таҷрибагарон ва рӯшангарони Ғарбӣ Френсис Бекон ва Рене Декарт Розӣ бо силоҳу андешаи фалсафӣ, фаросати мантиқӣ ва диди илмӣ ба мушкилоти фикрӣ, ақидатӣ, равонӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ, сиҳҳатӣ ва маданӣ бархурд карда, силсиламасоили замониро бар пояи далоили ақлонӣ ва равиши таҷрибавӣ мавриди арзёбӣ қарор дода, роҳро барои тафаккури фалсафӣ, нақди мантиқӣ ва биниши илмӣ ҳамвор сохтааст. Ба ин тартиб, равиши вежаи илмию фалсафии Закариёи Розӣ – мушоҳида, таҷриба ва истиқро (таҳқиқи ҳадафмандона) баъдан дар Ғарб мутадовил гардида, дар коргоҳи фикрию эҷодии файласуфоне чун Бекону Декарт асар мегузорад ва равиши навинеро дар олами андешаи фалсафӣ ва довариҳои илмии замонӣ ба вуҷуд меоварад.
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев