Воқеан, Закариёи Розӣ, ки миёни доираҳои илмию таҳқиқӣ ва фарҳангию мадании муосири миллию фаромиллӣ таҳти унвони “Ҳакими Розӣ” ва “Файласуфи Рай” низ маъруфият дорад, файласуфи миллию башарист. Бо таваҷҷуҳ ба мақом ва ҷойгоҳи Розӣ минҳайси файласуфи бузурги миллию ҷаҳонӣ чанд нуктаи мухтасарро ироа медорем:
Якум. Абубакр Закариёи Розӣ дар таърихи фарҳанги миллию ҷаҳонӣ ба унвони бузургтарин чеҳраи илмию фалсафӣ шинохта шуда, андеша, оро, афкор ва дидгоҳу мавқеъгириҳои илмию фалсафии ӯ то имрӯз қимату аҳаммияти худро гум накардаанд.
Дувум. Мусалламан, Розӣ дар улуми шимӣ-кимиё, дорусозӣ ва пизишкӣ то ба дараҷаи устодӣ расидааст ва кашфиёте, ки дар ин се илми бунёдӣ анҷом додааст, ӯро минҳайси бунёдгузори улуми болоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Бад-ин тариқ, Розӣ бо иштиғол варзидан дар илми шимӣ-кимиё вориди майдони илм шуда, бо кашфи дорувории шимиёии самии олколуидӣ беморонро ба табобат фаро гирифтааст. Аз ин гузашта, улкул ва ҷавҳари гугирд аз ҷумлаи кашфиёти ӯ маҳсуб меёбанд ва ба сабаби ибтикороти ҷиддии Розӣ дар кимиё ва дорусозӣ ӯро ба унвони поягузори кимиёи навин шинохтаанд. Афзун бар ин, Розӣ бо нигариши “зарраёбӣ” ва ба истилоҳ, “атомистӣ” дар феҳристи номовартарин донишмандони ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ҳарчанд ки донишмандон бар мабнои назарияи арастуӣ, бар онанд, ки аносир қобили тағйиру табдиланд, аммо Розӣ бо пешниҳоди нигариши “зарраёбӣ”-и худ бар он иддао кардааст, ки аносир ғайриқобили табдил ба якдигаранд. Маҳз ҳамин тарзи бинишу нигариш кимиёи куҳанро ба марҳилаи кимиёгарии ҷадид овардааст ва биниши илмии кимиёвии Розӣ бар мабнои нигариши “зарраёбӣ”-и ӯ марҳилаи наверо дар таҳаввули илми кимиё заминагузорӣ намудааст (9, 2-3).
Афзун бар ин, китобҳои “Ал-ҳовӣ”, “Тибби Мансурӣ” ва дигар кутуби пизишкии Розӣ чандин маротиба ба забони лотинӣ тарҷума шуда, аз рӯйи онҳо дар донишгоҳҳои пизишкии аврупоӣ тадрис мешудааст. Барои намуна, китоби “Обила ва сурхак”-и Розӣ аз соли 1498 то соли 1866 чиҳил маротиба дар кишварҳои аврупоӣ таҷдиди чоп шудааст. Файласуфи Рай бар иловаи кутуби “Ал-ҷомеъ-ал-кабир” (Ал-ҳовӣ), ки онро доиратулмаорифи тиббӣ номида, муътабартар аз “Ал-қонун”-и Ибни Сино донистаанд ва “Тибби Мансурӣ”, 56 ҷилд китоби тиббӣ таълиф карда, дар онҳо услуҳои муолиҷаи бемориҳои замонро пешниҳод намудааст (9, 3).
Севум. Розӣ, дар қадами аввал, ба омӯзиши улуми табиӣ бо шумули кимиё ва пизишкӣ пардохта, аз тариқи улуми таҷрибӣ-эксперименталӣ ба фалсафа ворид гардида, минҳайси файласуфи шаҳири асрию башарӣ бар мабнои дониши илмӣ ва равиши мантиқӣ ба интиқоду радди назариёту кутуби пешиниёну муосирон машғул шуда, барои нахустин маротиба дар қаламрави хилофати исломӣ наққодии илмӣ-фалсафиро мақому ҷойгоҳи махсус бахшидааст. Ҳарчанд ки равиши фикрию эҷодӣ ва сабки таҳқиқии Розӣ марсум нашуда, алайҳи он радду наққодиҳои ақидатию фикрӣ зиёд сурат гирифтааст, мавқеъгириҳои илмию фалсафии ӯ аз миён нарафта, барои доираҳои илмию тахассусию эҷодӣ ҳамоно ба сифати марҷаи фалсафию илмӣ хидмат мекунанд.
Чаҳорум. Розӣ дар қаламрави фикрию фарҳангию илмию фалсафии минтақавӣ (манзур густураи ҷаҳони исломи асримиёнагӣ аст) дар баробари марҷаияти марсум, меъёру мадорики илмӣ-фалсафиро бар мабнои усулу мабонии мушоҳида, таҷриба ва истиқро пешниҳод намуда, омӯзишу таҳқиқи масоилу мушкилотро бар пояи довариҳои ақлӣ тадовум бахшидааст. Усули мушоҳидавӣ ва таҷрибавӣ-эксперименталӣ, пас аз мутадовил шуданаш дар ҳавзаҳои фикрию ихтисосии Шарқи мусулмонӣ, дар имтидоди асрҳои баъдӣ дар Урупо машруият пайдо намуда, ба сифати мабодии илмӣ-ихтисосӣ дар муҳитҳои илмӣ тадриҷан ҳамагонӣ мешавад. Ба ин маъно, хидмати Закариёи Розӣ дар решадоршавии усулу мабодии таҷрибавӣ-эксперименталӣ дар Урупо назаррас аст.
Панҷум. Розӣ дар “Сирати фалсафӣ” худро файласуф номида, бо соири андешамандону файласуфони мутақаддиму мутааххир муқоиса мекунад. Аломату нишона ва вежагиҳои як файласуф: шаккокӣ, илммадорӣ, дидгоҳи интиқодӣ, биниши фалсафӣ, назари мантиқӣ, ҳунари нодири наққодӣ, тавоноии фардии эҷодӣ, озодагӣ, озодандешӣ, ҷасоратмандӣ, носозгорӣ бо хушкандешӣ, мубориза алайҳи хурофазадагӣ ва ҳар навъ равиши андешакӯши башарӣ, бешубҳа, дар шахсияти Закариёи Розӣ зуҳур кардааст. Нақду баррасиҳои мунсифонаи Розӣ дар қиболи масоили иҷтимоию фалсафию фикрию динии замон ӯро минҳайси файласуфи нодири замон ба ҷилва дармеоварад. Дар зинм, Розӣ аз ҷумлаи нахустин файласуфон ва мутафаккиронест, ки фалсафаи машоии арастуиро нақд карда муътақид буд, ки ба василаи қиёсоти мантиқӣ, ки фақат мубтанӣ бар муқаддимоти зеҳнӣ ҳастанд, наметтавон пай ба маҷҳулот бурд. Ба ин сабаб, дар баробари фалсафаи арасутӣ равиши навинеро барои шинохт дар қолиби “мушоҳида, таҷриба ва истиқро” арза кардааст. Дақиқтараш, Розӣ ҳудуди ҳашт қарн пеш аз файласуфи англис Френсис Бекон (1561-1626) ин равишро кашф ва ироа кард. Мутаассифона, Розиро дар Шарқи мусулмонӣ бар суннатшиканӣ ва бидъатгарӣ муттаҳам карда, равиши илмии ӯро инкор намуданд. Дар Ғарб бошад, баръакс, Беконро “паёмбари илми ҷадид” ва “бунёдгузори фалсафаи илмӣ” шумурда, назариёти ӯро пайгирӣ намуда, пешрафтҳои ҷаҳони кунуниро бар ибтикороти вай марбут донистаанд.
Шашум. Розӣ озодандеширо ҳамчун равиши шоистаи фикрию ақлонӣ, иҷтимоию маданӣ ва ҳувиятию ахлоқӣ таҳаққуқ бахшида, таҷрибаи озодандешию ақлбоварию хираддовариро барои асрҳо ва садсолаҳо ба мерос гузошт. Ӯ хуб медонист ва аз хилоли мутолеоту таҷриботу баррасиҳои мудавомаш дарк карда буд, ки миллатҳо ва умуман, мардум бидуни огоҳию донишу ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури интиқодӣ, ки аз озодандешии башарӣ сарчашма мегиранд, ба сарманзили мақсуд – шукуфоию пешравию рушду тараққӣ намерасанд. Ба ин маънӣ, Розӣ бо таълифоту нуқтаназароти интиқодии худ озодандеширо ба унвони равиши дархури зиндагӣ ва раванди сохтусози инсонӣ машруият бахшида, роҳро барои раҳоӣ аз қайдубанди хурофоту таассуби ҳамешагӣ, ки ҷомеаи шарқиро ҳамеша ба қафо кашонида, аз ҳаракати мудавоми фикрию эҷодию иҷтимоию тамаддунӣ боздоштааст, ҳамвор сохтааст.
Ҳафтум. Розӣ бар асоси ақл ва хирадбоварӣ ба кулли масоили ҳастӣ бархурд карда, зимни арзёбию баррасиҳои ихтисосӣ танҳо аз зовияи хирад ва ақл доварӣ менамояд. Ин гуна равиш ва сабки андешаву баррасию арзёбӣ ба шахси Розӣ хос аст ва ӯро аз кулли файлсуфону мутафаккирони мутақаддиму мутааххир мутамоиз месозад. Бар илова, Розӣ ба лиҳози ахлоқӣ аз соири файласуфону мутафаккирони пешину пасин мутафовит аст. Ӯ ба сифати як инсони холиси ахлоқӣ дар арзёбию баррасию нақду наққодӣ падидор мегардад. Махсусан, мушаххасоти ахлоқии баинсофию мардонагӣ ӯро аз соири андешамандону мутафаккирону файласуфон мутафовит месозад. Ба гунаи мисол, зимни бархурди илмӣ-мантиқӣ ба афкори Ҷолинуси ҳаким (Гален-пизишк ва файласуфи юнонитабори Рими қадим) дар китоби “Шукук бар Ҷолинус” дар доираи инсофу мардонагӣ менависад: “Ман бо касе баробар шудаам, ки беш аз ҳар кас бар ман миннат дорад ва беш аз ҳама аз ӯ суд бурдаам ва ба василаи ӯ раҳнамоӣ шудаам ва аз дарёи фазли ӯ сероб гардидаам, ба он андозае ки бандае аз хоҷаи худ ва шогирде аз устоди худ ва мунъим аз валинеъмати худ бархурдор намегардад”(9,10). Аз ин гуна мавқеъгирии баланди ахлоқӣ маълум мегардад, ки Розӣ дар интиқод ҳам ахлоқу одоби инсониро риоят мекунад, аммо мутафаккироне, ки ӯро интиқод кардаанд, дар бисёр маворид аз марзи ахлоқ бурун рафта, танҳо бар асоси ҳасодату бадбинӣ ба мерос ва нуқтаназароти ғайримуқаррарии Розӣ баҳо додаанд. Ин аст, ки мавқеияти ахлоқии Розӣ ҳам сазовори омӯзишу тақлид будаву ҳаст.
Ҳаштум. Як бахши муҳимми фаъолияти Закариёи Розӣ рӯшангарии ӯст. Розӣ ба унвони рӯшангар (просветитель) ба ҳавзаи муҷодилоти фалсафӣ ва мубоҳисоти мафкуравӣ дар қиболи масоили ҳассоси ақидатӣ ворид мегардад. Яъне, дуруст он замоне ки Розӣ аз тариқи илмҳои табиӣ-риёзии кимиё, тиб, пизишкӣ ва риёзию ҳандасӣ ба ҳақиқати ашё пай мебарад, ба арсаи фалсафа гом бармедорад ва ҳамин тур, падида, зуҳурот ва ҳаводиси замонро бар мабнои ақлу мантиқи зинда интиқод карда, интиқодоти мустадлали хешро ҷасурона пахшу нашр менамояд. Ҷасурона пахшу нашри интиқоди илмӣ-ихтисосӣ ва нақду баррасиҳои мантиқӣ дар қиболи масоили доғи замонӣ, аз ҷумла ҳангомапароканиҳои қишри руҳониёни муҳофизакори замонӣ ва хушкандешони мазҳабӣ, ки руҳу равони ҷомеаро зери тасаллути комил доштанд, Розиро минҳайси рӯшангари асили миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоиста бахшидаанд. Аз сӯйи дигар, бо қишри руҳонияти муҳофизакору мутаассиби замонӣ, нухбагони улуми мадрасӣ ва шаритамадорони пурқудрати дарборӣ аз тариқи андеша ва қазоватҳои фалсафӣ дасту панҷа нарм кардан кори саҳлу осоне набудаву нест. Ҳатто имрӯз доираҳои илмию фарҳангии миллӣ, бо он ки дар муҳити солими давлатдории дунявӣ ба сар мебаранд, дар қиболи афкори хушку хурофотии қишри руҳонияти ватанӣ ҷуръати сухан гуфтанро надоранд, баръакс, дар бисёр маворид, дар баробари ҳузури хушкандешӣ хомӯширо аз садозаниҳои ҳадафмандона авло дониста, ба хурофапароканиҳо ҳамроҳ шуда, андешаи миллию дунявиро ба ҳошия меронанд. Аммо Закариёи Розӣ дар он замони пуртаҳлука, ки шариатмадорони мутаассиби расмӣ бо давлатмадорони замонӣ бар мабнои афкори хушки мазҳабӣ ҳукумат мекарданд, алайҳи низоми хушки ақидатӣ ва фазои сиёсӣ-мазҳабӣ тавассути мабоҳиси фалсафӣ ва қиёсоти мантиқӣ қиём карда, парчами озодандеширо барафрӯхт. Аз ин ҷост, ки Розиро ба лиҳози хадамоти илмӣ-фалсафӣ, ҷасорату ҷуръатмандии фикрию иҷтимоӣ ва тасмимоти рӯшангарӣ метавон дар баробари маорифпарварони фаронсавӣ Франсуа Мари Аруэ Волтер (1694-1778), Жан Жак Руссо (1712-1778), Дени Дидро (1713-1784), Шарл Луи де Монтескиё (1689-1755) қарор дод. Воқеан, кореро, ки маорифпарварони фаронсавӣ дар асри 18-и мелодӣ анҷом доданд, Розӣ дар асрҳои 9-10 аз тариқи ибтикороти илмӣ-фалсафӣ ба сомон расонид. Ба ин маъно, бемуҳобо, метавон Розиро дар сафи пеши рӯшангарони миллӣ қарор дод.
Нуҳум. Розӣ дар таърихи афкори башарӣ минҳайси файласуфи миллӣ зуҳур кардааст, ҳарчанд ки ӯро файласуф ва табиби арабу исломӣ номидаанд, аммо ба назари нажодӣ як эронӣ ва форс-тоҷик буд. Аз сӯйи дигар, Розӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба фалсафаи юнонӣ (дар мисоли файласуфи қадима Пифагор), ба афкори фалсафии ориёӣ ва махсусан, шахсияти Монӣ мутамоил будааст (6,16). Ин нукта бар он гувоҳӣ медиҳад, ки Закириёи Розӣ аз ҷумлаи файласуфони матраҳи миллиест, ки аз тариқи омӯзишу таҳқиқу баррасии осори ниёкон, аз ҷумла андешаву орои файласуф, шоир, пизишк ва нависандаи маъруфи эронӣ Монӣ (216-277) эҳтироми худро ба андешаи қадимаи аҷдодӣ қоил шуда, дар низоми интиқодии фикрӣ аз афкори фалсафии ориёӣ истифода бурдааст. Ба ин маъно, баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки осори фалсафии Ҳаким Розӣ, ки аз фалсафаи хирадгароёнаи Ирони бостон сарчашма гирифтааст, дар воқеъ, бояд ба унвони “Шоҳнома”-и фалсафии Ирон муаррифӣ гардад” (9,6).
Даҳум. Омӯзиши муназзаму ҳадафмандонаи осори Розӣ ва махсусан, вежагиҳои шахсиятию эҷодии ӯ дар доираи барномаҳои таълимӣ-тадрисии муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ на танҳо сатҳи донишу биниши хонандагонро боло мебарад, балки тафаккури интиқодиро ба унвони равиши муваффақи фикрӣ-эҷодӣ дар баданаҳои қишри омӯзгорию хонандагӣ ва муҳити донишгоҳии кишвар побарҷо месозад. Мо имрӯз ва оянда ҳам ба насле ниёз дорем, ки ба лиҳози фикрию ҳувиятӣ рақобатпазир бошад ва дар шароити бозиҳои сиёсию геополитикӣ на танҳо худро набозад, балки миллатро аз бади ҳаводис берун кашида, парчами илму дониши зиндаро, аз як тараф ва дирафши ковиёнии миллиро, аз тарафи дигар, боло барафрозад. Ин аст, ки тарбияи насли наврасу ҷавон бар мабнои арзишҳои илмӣ-фалсафӣ (аз ҷумла шахсият, мерос, дидгоҳ, равиш, андеша, оро, миллият ва билохира мавқеияти илмӣ-фалсафии Закариёи Розӣ), ки тавлидгари неруи ақлонию энергияи фикрии миллианд, тақозои замон мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба шароит ва авзои ташаннуҷбарангези имрӯзӣ, мо муваззафем, ки мероси Закариёи Розӣ барин шахсиятҳои бузурги миллиро, ки дар муқобили афкори хушку хашини замонӣ, ки тарафдорону ҷонибдорони зиёде дошт (ва мутаассифона, имрӯз ҳам дорад), ҳадафмандона мубориза бурдаанд, таври бояду шояд муаррифию тарғиб карда, насли наврасу ҷавони миллатро дар руҳияи ҷуръати фикрию эҷодӣ ва тавонмандиҳои ҳувиятию ахлоқӣ тарбия намоем.
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев