Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ доранд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд зеро агар модар моро ба дунёи ҳасти оварда бошад. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост. Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.»
Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».
Хизмат кардан ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Моро месазад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Чунки вазифа ва қарзи мо шаҳрвандони ин сарзамин аст. Аммо, мутассифона имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе волидайнҳо намегузоранд, фарзандон хизмати ҳарбиро адо намоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди миллати тоҷик аст. Ҳеҷ фарди ҷомеа махсусан ҷавонон ҳуқуқи саркашӣ аз хизматро надоранд. Имрӯзҳо, ки даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ шурӯъ шудааст бисёр аз ҷавонони мо хушбахтона ба тариқи ихтиёрӣ ба марказҳо мераванд ва дар он ҷо номнавис мешаванд, ки ин ифтихорӣ мо аст.
Имрӯз мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки падару модароне ҳастанд, ки фарзандонро дар хонаҳои худ инчунин хешовандон пинҳон менамоянд, ё баъди хатми мактаби миёна, ба давлати Россия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мекунанд. Ҳатто намегузоранд, ки фарзандон ба пуррагӣ мактаби миёнаро хатм намоянд.
Падару модарон бо чунин амалашон, ки фарзандонашонро намегузоранд хизмати модар ватанро адо намоянд, хато мекунанд. Волидайн барои адои хизмати фарзандон бояд зид набошанд. Хизмат ба халқу миллат вазифаи ҳар яки мо аст. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат, яъне қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо меоранд. Шароит дар қисмҳои ҳарбии кишварамон хуб аст ва ягон мушкилие нест. Ҷавонони мо албатта хизмати ҳарбиро, хизмати қарзии худро ба Ватану модар иҷро менамоянд. Ҳар як ҷавоне, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо-Тоҷикистон зиндагӣ дорад, ҳатман хизмати модар – Ватанро ба сари баланд адо намояд.
Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чоллок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.
Муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост, ки заҳматҳои пайвастаи эшон Тоҷикистони азизи моро имрӯз ба ҷаҳониён муаррифи намудааст ва мо дар фазои осоиштаи он умр ба сар мебарем.
Шуҳрати Дилбариён
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев