Анбиё бо сад алам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Авлиё бо Чашми нам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Ошикон бо Синаи афгор доим ашкбор,
Ҷониби Хоки Одам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Дардмандон аз ғами дилдор нолон рӯзу шаб.
Дар ғами рӯйи Санам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Нозанинони Ҷаҳон чун ғунчаи Гул дар шукуфт.
Дар хазони дарду ғам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Подшоҳон дар ғурури Тоҷу Тахту Молу Мулк.
Монда Мулку Ҷоми Ҷам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Ҳар муборизи саркаши Рустаминони Рузгор.
Дар дами теғи дудам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Он биёбонгард абдолони сайёҳи Висол.
Сӯйи дарбори Карам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Рав ғами Ҷон хур, чаро андар ғами Нон мондаӣ.
Нонх