Молу мулку тангаву тилло маҷӯ.
Ганҷи олам меравад аз каф туро,
Тахту тоҷу давлати Доро маҷӯ.
Зиндагиро фурсати дурӯза дон,
Меҳри ин дунёи бемаъно маҷӯ.
Хайрхоҳи ҷумла халқу ом бош,
Дар ниҳодат кинати ноҷо маҷӯ.
Дӯстони бовафоро қадр кун,
Рафтуо бо фарди ноошно маҷӯ
Сирати одам ҳама дар ботинаст,
Ҳеҷ нишон аз сурати зебо маҷӯ.
Ошиқи ишқи Худо бош то абад,
Васли ишқи ёри бепарво маҷӯ.
Гар ба дил дорӣ ниёзу ҳоҷате,
Ту ба ғайр аз Холиқи Якто маҷӯ.
Ояти Қуръон бихон нурест ба дил
Ҳарфи бемағз аз лаби коно маҷӯ.
Дар намозбош рӯзушабҳо дар намоз
Дар амал коре аз ин боло маҷӯ.
Шавкато, моро муроди Каъба чист?
Каъбае ғайр аз раҳи дилҳо маҷӯ.
Шавкат Ҳобилов


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев