Хоҳанд камон шавӣ ту ё тир шавӣ.
Гар шоҳи Сикандари ҷаҳонгир шавӣ.
Охир ту асири гӯри хафгир шавӣ.
Гар духтари ёшаки ту кампир шавӣ,
Гар марди ҷавонаки яқин пир шавӣ.
Дар вақти аҷал расиданат охири кор,
Хоҳиву махоҳ зи боди он қир шави.
Гарчӣ мӯят сиёҳи чун мушк бувад,
Вақти пири ба мӯйи чун шир шавӣ.
Ҳарчанд ту шери наъра зан ҳӯй озод,
Дар вақти аҷал ба банду занҷир шавӣ.
Ҳарчанд ба Зоти Ҳақ Бузургандешӣ,
Ҳарчанд ту подшоҳӣ ё дарвешӣ.
Ҳарчанд ту бегонаву пеши пешӣ.
Дон ҷон диҳи зон ки бо аҷал ту хешӣ.
Эй хеши аҷал чаро намеандешӣ,
Созад аҷал андешаи ту чун хешӣ.
Гар доройӣ расад туро дарвешӣ.
Не пас монӣ ту аз аҷал не пешӣ.
Ҳарчанд ба мулки Басра ту мир шавӣ.
Ҳарчанд чу мулки Басра таъмир шавӣ.
Ҳарчанд баланд чу кӯҳи Помир шавӣ.
Охир ба аҷал чу хоки по қир шавӣ.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев