Гарчи рафтӣ аз барам, аммо фаромӯшам макун, Бо ғамат, ай ошно, ҳар шаб ҳамоғӯшам макун. Ҳамчу мавҷи ашк аз дарёи чашмам по макаш, Дар пайи худ чун ҳубобе хонабардӯшам макун. Дар дилам нақши ҳазорон доғи ишқ мурдааст, Беш аз ин дар сӯги ишқи худ сияҳпӯшам макун. Соғари чашми ту саршор аст аз мастиву ноз, Бо хаёли наргисат ҳар шаб қадаҳнӯшам макун. Ман зи сӯзи иштиёқи ту саропо оташам, Боз бо тӯфони бемеҳри-т хомӯшам макун. Ҷӯшад имшаб ҷилваи ҷодуи чашмонат зи ҷом, Бо шароби наргисат, ай фитна, мадҳушам макун.