🔸 Матни пурсиш:
Шиъа адолат ва имоматро илова бар тавҳид ва набувват ва маъод ҷузъи усули дин медонад. Назари ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин маврид чист?
🔸 Матни посух:
Эътиқод ба тавҳид, набувват ва маъод аз усули Ислом ва эътиқод ба хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз усули имон аст ва бо ин васф, касе ки ба хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам эътиқод надорад, ҳаргоҳ ба тавҳид, набувват ва маъод мӯътақид бошад, мусалмон шумурда мешавад ва ҷону мол ва обурӯйи ӯ мӯҳтарам аст, агарчи мӯъмин шумурда намешавад. Эътиқод ба тавҳид низ эътиқод ба ин аст ки Худованд дар таквин, ташриъ ва таҳким ягона аст ва шарике надорад. Пас агар касе ба ягонагии Худованд дар ташриъ ва таҳким эътиқод надошта бошад, ҳаргоҳ онро пас аз инки барояш табйин шуд инкор кунад, мусалмон нест; Чароки ду севвуми тавҳидро инкор кардааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1393/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев