Ҳазрати Довуд (а) дар тахти худ нишаста буд ва зани фақир ва нодоре иҷозати ба наздаш даромадан хост. Довуд (а) ба ӯ иҷозат фармуд. Вақте зан ба назди Довуд (а) ворид шуд қабл аз ҳама бо суханони шугуфтангезе гуфт: эй Паёмбари Худо! Худоят золим аст ё одил? Довуд (а) гуфт: марг ба ту эй зан! ин чӣ суханоне аст, ки ту мегӯӣ? Оё намедони Худо одил аст ва ҳаргиз ҷавре бар касе намекунад? Довуд гуфт: чӣ шудааст туро? Зан гуфт: ман як зани бешавҳар ва бе кас ҳастам, ки се фарзанди духтар дорам ва онҳоро бо ресандагии дастам нон медиҳам. Дирӯз нахҳои ресидаамро дар як порчаи сурх бастам ва хостам ба бозор рафта онҳоро фурӯшам ва чизе барои тифлаконам биёрам. Вақте дар роҳ ба сӯи бозор будам парандае аз осмон ба ман наздик шуда буѓчаи ресмонҳоямро бардошта бурд. Ман аз ин воқеа андуҳгин шудам, ки чи гуна акнун ба тифлаконам чизе барои хурданашон мебарам. пнҷо буд, ки касе дарвозаи Довуд (а)-ро зад ва иҷозати ворид шудан хост. Довуд (а) барои ворид шудан иҷозат фармуд ва дид, ки даҳ марди тоҷирони бузурги шаҳр барои чизе ба наздаш омадаанд. Довуд (а) гуфт: шуморо мешунавам. Тоҷирон гуфтанд: эй паёмбари Худо ҳар яке аз мо 100 тангаи тило бо худ овардаем то онҳоро барои касе, ки сазовори он аст садақа куни. Довуд (а) гуфт: сабаб дар чист, ки шумо ҳама якҷо чунин тасмимеро гирифтаед? Гуфтанд: эй паёмбари Худо! мо барои тиҷорати худ дар киштие савор будем ногаҳон боди тунде вазида бодбонҳоро канда гиштиямонро вайрон сохт ва наздик будғарқ шавем. Ногаҳон парандае аз осмон ба мо наздик шуд ва буѓчае аз латаи сурх, ки дарунаш ресмон буд барои мо партофт. Мо ресмонҳоро гирифта вайронаҳоро баста дуруст кардем ва бод моро ба самти амнтаре бурд. Пас аз онки Худо моро бо ин роҳ наҷот дод ба худ назр кардем то ҳар кадоме аз мо 100 тангаи тило садақа кунем, ин ҳамон мол аст, ки онро назди ту вомегузорем ва ҳар киро, ки мустаҳиқ ва шоистаи он мебини ба ӯ садақа кун. Довуд (а) каме хомуш шуду сарашро бардошта ба тарафи он зан табассумкунон гуфт: Худое, ки бо ту дар баҳр ва хушкӣ тиҷорат мекунад боз ту ӯро золим медони? Довуд (а) ҳазор тангаи тиллоро ба зан дод ва гуфт: инҳоро ба тифлаконат масраф кун.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев