Сураи “Масад”
111-уми сураи Қуръон буда дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 5 оят иборат аст.
Сураи "Масад"-ро "ал-Лаҳаб" ё "Таббат" низ меноманд. Ин сура ҳалоки Абулаҳабро пешгӯӣ намуда, аз душмании ӯ бо Худо ва Расули Худо (с) сухан мекунад. Ӯ яке аз сахттарин душманони Расулуллоҳ (с) буда, тамоми фаъолияташро бар зидди даъвати он кас (с) равона сохта буд. Абӯлаҳаб садди роҳи мардум мешуд, намегузошт, ки мардум ба Худо ва пайғамбари Ӯ (с) имон оранд, ҳол он, ки ӯ амаки Расулаллоҳ (с) буд. Ояте аз ин сураи муборака он бадбахтро бинобар амалҳои баде, ки дар ҳаққи Расулуллоҳ (с) раво дида буд, таҳдид намуда, дохил шудани ӯро дар охират дар оташи алангадори Ҷаҳаннам аниқу тасдиқ кардааст.
Инчунин ҳолати даҳшатвору нангини завҷаи Абӯлаҳаб дар оташи Ҷаҳаннам тасвир гардидааст.
Сабаби нузули ин сураи муборакро Ибни Аббос (р) чунин ривоят мекунанд:" Вақте ки ояти "Ва анзир аширатакал ақрабин" яъне "Хешони наздикатро аз Ислом огоҳ кун" нозил шуд, Расулуллоҳ (с) болои кӯҳи Сафо баромаданд ва нидо карданд: “Ё бани Фиҳр! Ё бани Адӣ!” ва ҳоказо. Хулоса, ҳар як қабиларо алоҳида нидо мекарданд ва ҳар касе, ки омада наметавонист ба ҷояш дигар нафарро мефиристод, то бифаҳмад, ки хабар чист?
Пас, ҳамаи қабилаи Қурайш ва амаки Расулуллоҳ (с) Абӯлаҳаб ҷамъ омаданд ва ба ӯ (с) гуфтанд: "Чӣ мехоҳӣ?" Расулуллоҳ (с) гуфт: "Агар ман хабар диҳам, ки дар фалон водӣ аскарони саворае барои ғорати шумо омаданд, оё шумо сухани маро тасдиқ мекунед?" Он ҷамоа ҳамагӣ гуфтанд:" Оре! Зеро ки мо аз ту ҳеҷ гоҳ дурӯғеро мушоҳида накардаем." Пас, Расулуллоҳ (с) ин оятро қироат карданд: "Фа иннӣ назирун лакум байна ядайя ъазобун шадид"- яъне "Ман тарсдиҳанда ва бимдиҳандаам барои шумо, ки назди ман дар оянда азоби сахтест барои шумо". Пас, Абӯлаҳаб гуфт: "Табан лака ё Муҳаммад А-лиҳозо ҷамаътано?", яъне "Марг бар ту! Магар барои ҳамин моро ҷамъ кардӣ?" Абулаҳаб дар ҳини сухан гуфтан дастонашро ба сӯйи Он ҳазрат (с) сахт ҳаракат медод. Соҳиби “Руҳул Маъонӣ” аз баъзе олимон ривоят карда мегӯяд, ки он бадбахти шақӣ сангеро ҳам гирифта хост ба сӯйи Расулаллоҳ (с) партояд. Дар он ҳол ин сура нозил шуд.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
تَبَّتۡ يَدَآ أَبِي لَهَبٖ وَتَبَّ ١
1. Ҳалок бод ҳар ду дасти Абилаҳаб ва ҳалок шуд.
Аллоҳтаъоло бо ин оят дар хаққи Абӯлаҳаб дуъо карда гуфтааст, ки дастони Абӯлаҳаби шақӣ ҳалок бод." Ӯ ки нисбати Расулуллоҳ ин рафтори ноҳақро раво донист ноумеду дар зиён бод.
Зимни ин оят Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки Абӯлаҳаб ба таҳқиқ зиён карду ҳалок шуд. Ин ҷо мурод аз ду даст худи Абӯлаҳаб аст, зеро шахсе, ки ду даст надорад ба ҳалокшудагон баробар аст. Номи Абӯлаҳаб Абдул-уззо ибни Абдулмуталлиб аст, яъне бандаи буте, ки номаш "Уззо" аст. Зани ӯ ал-Авраъа Уммул Ҷамил ном дошт ва ӯ хоҳари Абӯсуфён буд. Зану шавҳар ҳарду душмани сарсахти Расулуллоҳ (с.) буданд. Ба ривояте чун Абӯлаҳаб шунид, ки дар ҳаққи ӯ ва завҷааш ин сура нозил шудааст, гуфт: "Агар он чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, рост бошад, ман молу пулу авлоди бисёр дорам, онҳоро фидя медиҳам ва худро халос мекунам". Худованд дар ҷавоби сухани Абӯлаҳаб дар ояти зер чунин гуфтааст.
مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُ مَالُهُۥ وَمَا كَسَبَ ٢
2. Он чӣ бар сараш омад, на молаш ва на касбу авлодаш ӯро беҳоҷат насохт.
Яъне ҳеҷ чиз: на мол, на авлод, на иззат ва на насабият ӯро аз ҳалокат наҷот дода наметавонад. Дар ривоят омада, ки Абӯлаҳабро се писар буд: Утба, Муътаб ва Утайбаҳ. Дуи аввали онҳо рӯзи фатҳи Макка Ислом оварда ва дар ғазои Ҳунайн ва Тоиф иштирок ҳам карда буданд. Аммо Утайбаҳ мусулмон нашуд. Ӯ шавҳари Уммӣ Гулсуми духтари Расулуллоҳ (с) буд ва хоҳари Уммӣ Гулсум Руқия завҷаи бародараш Утба буд. Яъне Утайбаҳ ва Утба домодони Расули Худо (с) буданд. Вақте ки ин сура дар хаққи Абӯлаҳаб нозил шуд, ӯ ба писарони худ гуфт: "Агар духтарони Муҳаммадро талоқ надиҳед, сари ман ба сари шумо ҳаром". Пас, онҳо талоқ доданд.Вақте ки Утайбаҳ (шавҳари Уммӣ Гулсум) ба сафар ба тарафи Шом бо ҳамроҳии падараш баромад, гуфт: "Албатта, ба назди Муҳаммад меравам ва ӯро изо медиҳам". Пас, назди Он ҳазрат (с) омад ва гуфт: "Ман ба "Ван-наҷми изо ҳаво" ва "би-л-лази дано фатадалло" кофирам - ("Қасам ба Сурайё ҳар вақте ки ғоиб шавад. Баъд аз он қариб шуд зиёд кард дар қарибӣ"). Яъне Утайбаҳ гуфт: "Ман ба Зоте, ки ба нуҷум қасам хӯрд (яъне Аллоҳтаъоло) ва ба зоте, ки қариб шуд (мурод ҳазрати Ҷабраил аст, ки ваҳйи илоҳиро меорад), кофирам", Уммӣ Гулсумро назди Расулуллоҳ (с) талоқ дода туф карду баромада рафт. Расулуллоҳ (с) аз ҳаракати нодурусти ин бадбахт дар ғазаб шуда бар зарари ӯ ин дуоро иҷозат фармуданд.
"Ай бор илоҳ, бар ӯ сагеро аз сагони худ гумошта кун". Баъди ин дуо дар роҳи "Шом" ӯ тӯъмаи шере шуд. Мегӯянд, баъд аз ҳафт рӯзи ғазваи "Бадр" дар ҷисми Абӯлаҳаб ҷароҳати бадбӯе зоҳир шуд. Аҳлу аёлаш аз тарси он, ки касалии ӯ ба онҳо сироят накунад, ӯро аз хона берун карданд. Дар ҳамон ҳоли беморию хорӣ дур аз манзил бо азоб ба ҳалокат расид. То се рӯз касе набуд, ки ӯро бардорад, чун се рӯз гузашт, гӯштҳои бадани ӯ рехтан гирифт ва часадаш бӯй гирифт, ҳаммолони ҳабашӣ гӯре кофтанд ва ҷасади ӯро бо нӯги чӯбҳои дароз ба он гӯр партофтанд ва болои онро бо сангҳо пӯшиданд. Ин аст оқибати ҳар бадбахте, ки муқобили дини Ҳақ бархезад ва бо молу авлоду мансабу дунёи хеш фахру ғурур намуда, бар зидди Ислом сарф намояд. Илова бар ин:...
سَيَصۡلَىٰ نَارٗا ذَاتَ لَهَبٖ ٣
3. Зуд аст, ки ба оташи соҳибшуъла дарояд.
Яъне он шақии бадбахт баъд аз маргаш низ дар оташи шӯълазанандаи Ҷаҳаннам бо сахттарин азобҳо сӯзонида мешавад, зеро ки дар бораи ба азоб гирифтор шудани он бадбахт ояти иқоб нозил шудааст ва инчунин…
وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ ٤
4. Ва зани ӯ низ дарояд, ки бардорандаи ҳезум буд.
Яъне ба зудӣ зани ӯ Авроа Уммул Ҷамил хоҳари Абӯсуфён, ки ҳезумкаш буд бо ҳамроҳии шавҳараш ба нори (оташи) Ҷаҳаннам медарояд, чунки ӯ бар зидди Расули Худо (с) байни мардум суханчинӣ мекард ва оташи адоват ва буғзро байни мардум бар муқобили Расулуллоҳ (с) дармегиронд.
Ба ривояте он малъуна барои азият ва озор додани Расулуллоҳ (с) ва саҳобагон шабонгоҳ дарзаи хорро дар роҳи онҳо меандохт. Бинобар ин, Худованд фармудааст, ки чун зани Абӯлаҳаб дар ин ҷаҳон барои озор додани Расулуллоҳ (с) бо шавҳари худ ҳамдастӣ мекард, дар Дӯзах ҳам ҳамроҳи шавҳараш тӯъмаи оташи тоқатфарсо хоҳад шуд.
فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۢ ٥
5. Дар гарданаш ресмоне аст аз лифи хурмо.
Дар ривояте омадааст, ки ресмони хоркашии зани Абӯлаҳаб аз лифи хурмо бофта шуда буд. Дар рӯзи қиёмат аз он ресмон занҷири оҳанини хордор сохта, ба гардани он палида андохта азобаш медиҳанд. Инчунин дар дунё низ он палида бо тарзи нангин ва ибратомӯз ҳалок шуд. Ресмони хоркашиаш дар гулӯяш печид, хафа шуд ва бо азоб ҷон дод. Дар ривоятҳо низ ҳаст.
Акнун насиби ту, эй инсон, ин аст, ки ба дӯстони Ҳақтаъоло душманӣ накунӣ, то ба азоби абадӣ гирифтор нашавӣ. Ҳаққи муъмин он аст, ки ҳамчу Абубакри Сиддиқ (р) вафодору содиқ боши. На ҳамчу Абӯлаҳаб ва завҷаи ӯ мункир шавию доимо дар паи озори дӯстони Худо бошӣ ва дар роҳи Расулуллоҳ (с) ва ёрони ӯ (с) хори мағелони лафзию маънавӣ пошӣ! Дар ин бора дигар ривоятҳо низ ҳаст.
Бадгуҳарҳо ба насиҳат нашаванд некниҳод,
Гар мулоим шаванд имрӯз ба фардо нашаванд.
Ҳар гилеме, ки азал бо ранги сиёҳ бофта буд
Нуҳ фалак собун агар созӣ, мусаффо нашаванд
Каҷсириштон ҳама бар нақши каҷ хоҳанд рафт,
Ин каҷиҳо рост ба афсуни Масиҳо нашаванд.
Дидаи кӯри азал ҳайф кунад доруро,
Пари Ҷибрил занад гар сурма, ӯ бино нашавад.
(Ҷунунӣ)
Поёни сураи "Масад". Валиллоҳил ҳамд.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1