Ба 75-солагии олими адабиётшинос, академик, Фарҳод Исомиддинов
*************************
Ишқи Ширин карда машҳури ҷаҳон Фарҳод агар,
Қиссаҳо бинмуда онро бин, ки Фарҳоди дигар.
Ошиқи шеъру ғазал, андар адаб устоди мо,
Бо забони шаккарину нуктадону хӯшадо.
Номи Ором омада зебанда дар девони ӯ,
Зинда карда шоире бингар, ки Фарҳодҷони ӯ.
Рафта аз кӯи падар аз хурдӣ бо роҳи адаб,
Равшанӣ андохтааст андар адаб нохуфта шаб.
Дар паи илмомӯзӣ аз деҳааш бикшода бол,
Рафтааст аз Ашти бостон, то ба зодгоҳи Камол.
Дохили дорулфунун гардида бо табъи баланд,
Мешавад бо илми воло аз ҳамон ҷо дилписанд.
Дар забону дар адаб устод гашту нуктасанҷ,
Хатми донишгоҳ намуда бо баҳои чору панҷ.
Бин, ки он шогирди хушхон ин замон устод шуд,
Бо вуҷудаш ҷумла шогирдони ӯ дилшод шуд.
Назми оламгири тоҷик як ба як аз худ намуд,
Шеъри ноби шоиронро ҳар куҷое месуруд.
Рӯди деҳро бо ғазалҳои бузургон ҷӯр кард,
Ҳамнавои булбулонаш гашту худ машҳур кард.
Дӯстии халқҳоро мисли Турсунзода гуфт,
Дӯстии халқи худро дида ҳамчун гул шукуфт.
"Чеҳраҳои Ангрен"-аш во намуд бо хомааш,
Месазад гӯяд варо, Мақсудалӣ, алломааш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 22
Шаҳд резад аз забони мардумони Ангрен.
Дар вафодориву дӯстиву бародархондагӣ,
Бе мисол аст ҳар яки хурду калони Ангрен.
Кӯҳсорони баланди сабзапӯшашро нигар,
Софу дилкаш аст ҳаме оби равони Ангрен.
Лаҳҷаи Понғозӣ он ҷо бишнавӣ дар кӯчаҳо,
Хушкалому хушсухан пиру ҷавони Ангрен.
Карда шаҳреро бино бо заҳмати дастони худ,
Офарин, сад офарин меҳнаткашони Ангрен.
Чеҳраҳояшро чӣ хӯш Фарҳод*и мо бинмудааст,
Нуктасанҷу нуктафаҳму нуктадони Ангрен.
Қалби худ бикшодааст ин шаҳри зебо баҳри халқ,
Гашта машҳури ҷаҳон ин лаҳза кони Ангрен.
Гулфишонӣ мекунад ин дам дару девори он,
Дил ҳамерақсад ба худ андар макони Ангрен.
Чун ба меҳмонӣ биёӣ ҷони худ созад фидо,
Ҷон фидо бодо ба ҳар як меҳрубони Ангрен.
Болад ин Мақсудалӣ бо решапайвандони худ,
Хомаронӣ карда баҳри сокинони Ангрен.
*Фарҳод Исомиддинов-адабиётшинос, академик, муаллифи китоби "Чеҳраҳои Ангрен".
.