Бар Ватан, сӯи гулистонам бубар!
Фасли дай ошуфтаҳолам кардааст,
Ҷониби хуршеди тобонам бубар!
Бо баҳористони кӯҳсори баланд,
Сӯи гулшан, бо хиёбонам бубар!
Қуллаҳои кӯҳсорон мулки ман,
Тарфи гулбоғу биёбонам бубар!
Гул намуда майсаи дашту даман,
Ҷониби кабки хиромонам бубар!
Ҷаннати рӯи замин мебоядам,
Пеши пои Оли Сомонам бубар!
Дарди ҳиҷрони дили моро шунав,
З-ин ғарибиҳо, ғарибонам бубар!
Дил ҳаме хоҳад, ки ояд бар чаман,
Дилфигорон, зору ҳайронам бубар!
Ваҳ чӣ зебо чаҳ-чаҳи мурғони ман,
Бар сари гул чун ҳазоронам бубар!
То бибӯсам хоки поки мақдамаш,
Бар канори модари ҷонам бубар!
Бо ҳавопаймо ба Хуҷандам расон,
Бар Душанбе ё ба Хатлонам бубар!
Ҳамраҳи Мақсудалӣ, аз мулки ғайр,
Тоҷиконро Тоҷикистонам бубар!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 50
Равшангари чарохи хазор анчуман шавад.
Сайидо.
Тути зи акси оинаи мост нуктадон,
Харкас,ки бо мо нишаст,зи ахли сухан шавад.
Зик нашавед Амак нагзмешад холи хамаш