Предыдущая публикация
 Эй ашки боронрези ғам
Пурхун макун магзи дилам
То кай куни хун ҷигарам
ЭЙ АШК.
Дар ғурбатам дур аз ватан
Ошуфтаву қалбам ҳазан
Дар еди он симинбадан
ЭЙ АШК.
Дуне бубин сермеҳнатаст
Оҳу фиғону ҳасратаст
Мотамсарои куҳнааст
ЭЙ АШК.
Дар осмони беканор
Бин мурғакони беқарор
Андеша кун аз кирдугор
ЭЙ АШК.
Моҳаш бубин партавфишон
Офтоб ба мағрибаш ниҳон
Зебогиҳои каҳкашон
ЭЙ АШК.
Эй ашк нигар бар ҳоли ман
Ҳоли ғарибаҳволи ман
Рангин макун рухсори ман
ЭЙ АШК.
Афтоди аз рухсори ман
Рӯи замин эй ҷони ман
Гашти ғариб амсоли ман
ЭЙ АШК.
Эй бор худои меҳрубон
Эй сониьи кавну макон
ҚОСИМ макун бе хонумон
ЭЙ АШК.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 15