Худоё рӯҳи ман шод кун гиреҳи қалби ман бикшой
Шудаст торик рӯзи ман ту рузи равшанам бинмой
Замин сахту фалак чандон танам ҳамвора месӯзад
Манам дармондаву ҳайрон ту роҳи равшанам бинмой
Гирифта рӯйи оламро ғубори тираву торе
Худоё ин чи рӯзи сахт ту рузи равшанам бинмой
Хаёлам медарад кӯҳу замин ҳамвора месӯзад
Дилам аз атш месузад ту оби кавсарам бинмой
Ҳамон вақте ки охир мешавад аҳди ту эй холиқ
Равад ҷонам зи тан вое имони комилам бинмой
Чу оянд ду малак андар лаҳад пурсанд худоят кист?
Ту эй холиқи лаҳну ҷон забони нотиқам бинмой
Қиёмат мешавад наздик надорам тӯшаи охир
Манам шармандаву расво ту роҳи равшанам бинмой
Ҳақиқат растахез дар пеш сироталмустақим дар пеш
Ба вақти даргузаштан вой ту роҳи равшанам бинмой
Сабук созӣ худовандо ту мизони гуноҳамро
Ба вақти пурсишат вое забони солимам бинмой
Худоё меҳрубонӣ кун манам бечораи ҚОСИМ
Ба сӯи ҷаннатат ё рабб ту роҳи равшанам бинмой.
ШОҲ ҚОСИМ (муллошоҳон).

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18
Ту марди неклафзи,некдуои,Уст,ки хушер аст.