бошад?
То кай,сари тоҷики ман,хам
бошад?
Куштанд Ҳувайдову Умарро
афсӯс,
Кӯдаккуши аз нигоҳашон кам
бошад.
Имрӯз, ки боз куштаанд
Қобилро,
Бераҳмии ҷоҳилон паи ҳам
бошад.
Эй Қобили ҷон,ту аз мани
ноқобил,
Бешиква бирав, ки қудратам кам
бошад.
Дар сӯги ту абри осмон гирён
аст,
Дар хоки Ватан,чу рӯзи мотам
бошад.
Ҳар банда,ки дар азои ту нола
кунад,
Бар миллати хеш ёру ҳамдам
бошад.
Хомӯши нишонаи имондори
нест,
Хомӯш касест бар ҷаҳаннам
бошад.
Оне, ки туро бикушту инсоф
накард,
Монанди ту кушта гардадам,кам
бошад.
То кушта шудан касофати
беимон,
Девонаи зору бо сари хам
бошад.
Осуда намешавад дигар
модари ту,
Пайваста дилаш хаставу пурғам
бошад.
Шоир зи ғами халқ бимирад,
ёрон,
Дар синаи Маҳкампури мотам
бошад.
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев