Предыдущая публикация
Ҳам даҳону ҳам лабу дандон ифлос мекунад.
Чун сигоркашро бубинӣ гаштанаш бо мушкилист,
Аз дами танги нафас афсӯсу уффос мекунад.
Аз арақ парҳез бинмо то нагардӣ бетамиз,
Мастро бин, чун саге бар ҳарки аккос мекунад.
Шаъну иззатро рабояд нашъаву носу шароб,
Қомататро хам намуда сурати дос мекунад.
Ҳарки бишнид ин суханҳоро бигардад аз раҳаш,
Қиммати худро агар як зарра эҳсос мекунад.
Пас биё, эй ҷони ман ин гуфтаҳоро гӯш кун,
Суд бахшад самъи дилро ,онки ихлос мекунад,
Нурпошӣ мекунад ҳарфи Муродӣ синаро,
Мисли оне, ки садаф дар дасти ғаввос* мекунад.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ. 27.01.2018.
ғаввос*- ғӯтазананда ба об барои баровардани садаф, марворид ва ғ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев