Агар чанде малику* муқтадир аст.
Надорад мунъиме* гар хайру эҳсон,
Ғанидасту вале қашшоқзамир аст.
Зи фили бемаҳорат мӯрча авлост,
Хушо он оҳуйе, ки шергир* аст.
Назебад илм шахси беамалро,
Ҳамон беҳ омиле*, ки мустақир* аст.
Тазаррӯъ нек бошад дар ҷавонӣ,
Ба пирӣ фурсати парҳез дер аст.
Чӣ ёбад тавбагар аз тавбаи худ?
Даме, ки ноилоҷу мӯҳтазир* аст.
Ба таҳқиқ бишнавад ин гуфтаҳоро,
Касе, к- ӯ босару соҳиббасир* аст.
Ки аз килки фурӯзонат, Муродӣ,
Бисӯзад ҳар диле, ки замҳарир аст.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ. 31.12.2017.
Малик*- соҳибмулк,
Муқтадир*- қудратманд, пурзур.
Мунъим* - соҳибнеъмат, бой.
Шергир*- далер, нотарс.
Омил*- амалкуанда.
Мустақир*- устувор.
Мӯҳтазир*- дар ҳолати назъи ҷон.
Замҳарир*- хунуки сахт, сард.
-------
Бархе аз дӯстону шогирдонам хоҳиш карданд, ки ҳадди ақал як шеърамро бо шарҳу тавзеҳоташ нависам. Ва мегӯянд, ки баъзе шеърҳоям мушкилфаҳм аст.
Тасмим гирифтам,ки ҳамин шеърро каме шарҳ диҳам.
Ҳар он ки бухл дорад ӯ фақир аст,
Агар чанде малику* муқтадир аст.
Шахсе,ки бухл дорад агачӣ соҳибмулк бошад ҳам у ба мисли нодору мискин аст.
Надорад мунъиме* гар хайру эҳсон,
Ғанидасту вале қашшоқзамир аст.
Агар соҳибнеъмате (бойе) хайру эҳсон надорад, ғанидаст яъне дастдароз аст ва дасташ ба хайр кардан мерасад, аммо намекунад чунки қашшоқзамир аст, дар замираш чизе аз некӣ нест.
Зи фили бемаҳорат мӯрча авлост,
Хушо он оҳуйе, ки шергир* аст.
Зи филе,ки белаёқату бекорааст мӯрчае авлост,ки заҳматкаш аст.Ва аз шери беғайрат оҳуи далер беҳ.
Назебад илм шахси беамалро,
Ҳамон беҳ омиле*, ки мустақир* аст.
Яъне зи олими беамал шахсе беҳ аст, ки дар амал кӯшанда ва ба амали нек устувор аст.
Тазаррӯъ нек бошад дар ҷавонӣ,
Ба пирӣ фурсати парҳез дер аст.
Фурутаниву парҳезгорӣ дар ҷавонӣ некуст. дар пирӣ фурсат кӯтоҳ аст. Шояд марг пеш аз фурсат ояд.
Чӣ ёбад тавбагар аз тавбаи худ?
Даме, ки ноилоҷу мӯҳтазир* аст.
Худо ба бандааш тани сиҳату қувват дод, бандааш бо бепарвогӣ тавбагузор набуд. Даме ки марг наздик шуду дар назъи ҷон аст тавбагузор мешавад. Ҳайронем , то аз ингуна тавба чӣ меёбад.
Ба таҳқиқ бишнавад ин гуфтаҳоро,
Касе, к- ӯ босару соҳиббасир* аст.
Шехсе ки бо диққат ин назмро мехонад мақбулаш мешавад агар бо ҳуш бошаду чашми ибратбин дошта бошад.
Ки аз килки фурӯзонат, Муродӣ,
Бисӯзад ҳар диле, ки замҳарир аст.
Чунки шӯълаи назмат, эй Муродӣ ҳатто дилҳое ки ниҳоят сарданд сӯзише диҳад, ба гарми моил кунонад, нур бахшад.
Ин буд шарҳи кӯтоҳе, ки то қадри имкон навиштам.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ. 31.12.2017.
Малик*- соҳибмулк,
Муқтадир*- қудратманд, пурзур.
Мунъим* - соҳибнеъмат, бой.
Шергир*- далер, нотарс.
Омил*- амалкуанда.
Мустақир*- устувор.
Мӯҳтазир*- дар ҳолати назъи ҷон.
Замҳарир*- хунуки сахт, сард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев