андар боби ҳуҷуми араб ба Аҷам
Чу бахти араб бар Аҷам чира гашт,
Ҳама рӯзи ирониён тира гашт.
Ҳамон зишт шуд хубу хуб шуд зишт,
Шуда роҳи дӯзах падид аз биҳишт.
Дигаргуна шуд чархи гардун ба чеҳр,
Зи озодагон пок бубрид меҳр,
На тахту на дайҳим бини ба шаҳр,
Зи ахтар ҳама тозиёнрост баҳр.
Ҷаҳонро дигаргуна шуд расму роҳ
Ту гӯйи натобад дигар меҳру моҳ,
Зи май нашъаву нағма аз чанг рафт,
Зи гул атру маънӣ зи фарҳанг рафт.
Адаб хор гашту ҳунар шуд вабол,
Бибастанд андешаро парру бол.
Ҷаҳон пур шуд аз хӯйи аҳриманӣ,
Забон мӯҳр варзиду дил душманӣ.
Кунун беғамонро чи ҳоҷат ба май
Каронро чи суде зи овози най
Ки дар базми ин ҳарзагардони хом,
Гуноҳ аст дар гардиш орем ҷом.
Ба ҷое ки хушкида бошад гиёҳ,
Ҳадар додани об бошад гуноҳ.
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад.
Зи шири шутур хурдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор,
Ки тоҷи Каёнӣ кунад орзу,
Тфу бар ту эй чархи гардун тфу.
Дареғ аст Ирон ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад!
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажживу костӣ,
Рабояд ҳаме ин аз он он аз ин
Зи нафрин надонад боз офарин.
Ниҳонӣ батар з-ошкоро шавад,
Дили мардумон санги хоро шавад,
Шавад бандайи беҳунар шаҳриёр,
Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.
Аз Ирону аз турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён,
На деҳқон на турку на тозӣ бувад
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад!
На ҷашну на ромиш на гавҳар на ном,
Ба кушиш зи ҳаргуна созанд дом
Бирезанд хун аз пайи хоста,
Шавад рӯзгори бад ороста.
Зиёни касон аз пайи суди хеш
Расонанаду дин андар оранд пеш
Зи пешиву беши надоранд ҳуш,
Хуриш нони кашкину пашминапӯш.
Чу бисёр аз ин достон бигзарад,
Касе сӯйи озодагон нангарад!
Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,
Зи доноиву шарм бебаҳрагон,
На ганҷу на тахту на ному нажод,
Ҳаме дод хоҳанд гетӣ ба бод.
Чунин гашт паргори чархи баланд,
Ки ояд бад-ин подшоҳӣ газанд.
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Анўшервон дида буд ин ба хоб,
К-аз ин тахт бипроганад рангу тоб.
Чунон дид, к-аз тозиён сад ҳазор,
Ҳаюнони масту гусистамаҳор.
Гузар ёфтандӣ ба Арвандрўд,
Ба чархи зуҳал баршудӣ тира дуд.
Ба Эрону Бобул зи кишту дуруд
Намондӣ худ аз буму бар тору пуд.
Ҳам оташ бимурдӣ ба оташкада,
Шудӣ тира Наврўзу ҷашни Сада.
Аз айвони шоҳи ҷаҳон кунгура
Фитодӣ ба майдони ў яксара.
Кунун хобро посух омад падид,
Зи мо бахт гардан бихоҳад кашид.
Шавад хор ҳар кас, ки буд арҷманд,
Фурўмояро бахт гардад баланд.
Пароканда гардад бадӣ дар ҷаҳон,
Газанд ошкорову хубӣ ниҳон.
Ба ҳар кишваре-дар ситамкорае
Падид ояду зишт патёрае.
Нишони шаби тира омад падид,
Ҳаме рўшноӣ бихоҳад бурид!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев