Дурўғ ва ҳақиқат Рўзе дурўғ ба ҳақиқат гуфт: Майл дорӣ бо ҳам ба дарё биравем ва шино кунем. Ҳақиқати соддалавҳ пазируфт ва гўл хўрд. Он ду бо ҳам ба канори соҳил рафтанд. Вақте ба соҳил расиданд, ҳақиқат либосҳояшро даровард. Дурўғи ҳиллагар либосҳои ўро пўшида, рафт. Аз он рўз ҳамеша ҳақиқат урён ва зишт аст, аммо дурўғ дар либосҳои ҳақиқат бо зоҳире ороста намоён мешавад.