Ин қадар ҷабру ҷафо
овард асри бисту як,
Шӯру ҷангу моҷаро
овард асри бисту як.
Беадад мурданд
кӯдакҳои маъсум, эй дареғ,
Захм дар дилҳои мо
овард асри бисту як.
Модарон, занҳо, арӯсон
хоҳарон беқадру зор,
Ин разолатро чаро
овард асри бисту як?
Ғарқ гашта беадад
овораҳо дар баҳрҳо,
Ғам ба халқи бенаво
овард асри бисту як.
Бас ҷавонон гашта раҳгум,
ҷонфидо дар ҷодаҳо,
Доғ бар оинаҳо
овард асри бисту як.
Ризқ ҷуста беватанҳо
дар ватанҳои дигар,
Ранҷ бар бойу гадо
овард асри бисту як.
Сад ҳазорон дарди дигар
дод бар ҷисму ба ҷон,
Гар ба як дарде даво
овард асри бисту як.
Гар хатое кард ислоҳ,
оҳу афсӯсу фиғон,
Сад хато андар хато
овард асри бисту як.
Ҳар касе аз Ҳақ сухан
гӯяд, нафаҳмӣ кист ҳақ,
Фанду макру фитнаҳо
овард асри бисту як.
Киштии худро раҳондан
з - ин фиребистон гарон,
Мавҷи тӯфони бало
овард асри бисту як.
Роҳ бисёру ҳисоби
гумраҳон гаштаст гум,
Гарчи садҳо раҳнамо
овард асри бисту як.
Эй Худоҷӯ, кош он соат
расад, бинам ба сидқ
Рӯ ба Қуръони Худо
овард асри бисту як.
Хайриддин Хайрандеш


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев