Миёни лашкари ғамҳои беохир раҳо кардаст.
Агарчанде вафои хеҷ андар ҳар вафо нанмуд,
Вале хуш бевафоиро на мо, он бевафо кардаст.
Накарда ҳеҷ первое зи оҳи ҷонгудоз охир ,
Дили бечораи моро ба оташ мубтало кардаст.
Аз оне , ки зи озори азизат, мешави маҳҷур,
Куҷо ноли зи ағёре,ки бар ҷонат ҷафо кардаст.
Вуҷуди як мусалмоне,ҷудо аз меҳру шавқат нест,
Маро шармам азон ояд, ки гӯям бехудо кардаст.
Яқин дорад , ки ҷуз меҳраш, ки моро бенавоӣ нест,
Басо нозад аз ин ҳоле , ки моро бенаво кардаст.
Гаҳе баҳри ғурур андар асири кибри ӯ хандам, Ба дарбори ниёзи хештан моро гадо кардаст
Масал аз дарди дил гуфтан,мароми қасд гуфтан нест,
Манам оне, ки ҳолашро ба подоши Худо кардаст.
Агарчи бо алам гуфтам, дилам аз кинаҳо холист,
На баҳри ҳамчу таскине ,ки аз лутфи қазо кардаст.
Вале рӯзе пушаймон шуд , наояд сӯи мо, ҳаргиз,
Ки умре гар чу ин монад ба мо кори сахо кардаст.
Наорад пас аз ин рафтан ба рӯйи Ғезанӣ, бахшиш,
Худо бахшандатар з-оне, ки бахшиши хато кардаст.
Исломҷон Маҳмуди Ғезанӣ 20 - 04 - 2024.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6
Куҷо ноли зи ағёре,ки бар ҷонат ҷафо кардаст.
Гузар аз роҳдарди зиндагӣ ,танҳост, паймуда.
Ба дидан беғамам машмор ,ки чун бедарду парвоям,
Агарчи дар назар шоду ба рӯ лабхост, хандида.
Далел аз мардиву душманнахандонист, пинҳонӣ,
Вале аз дардҳо з-ин дил, басо хунҳост, афшурда.
Қазоват мекуни касро, ки аз ҳолаш намедонӣ,
Ба ҳар дарди ниҳони ӯ , чи сон ғамҳост,борида.
Басо дунё пур аз обу басе ҳам ташна хоҳанд рафт,
Ҳамин аст сери аз дунё, ,ба лаб дарёст, хушкида.
Касе аз риштаи тағдир, гиреҳе боз натвон кард,
Ки роҳи шодии қисмат ба ғам ҳар ҷост, печида.
Набинад то маро афтода номарде,наафтодам,
Ки то ҷон бар тани озурда побарҷост,болида.
Равам хилват ман аз ҷабри ба ном аз дустон, дурӣ,
Чу булбул аз ҷафои гул, ки з-ин маъност, шурида.
Вале то вопасин реҳлат,дилам аз кинаҳо холи,
Барам бар дафтари аъмол, ҳама ноҷост,бахшида
Ҳакикат хубу дар ифошо, агар бо фитнаҳо хезад,
Ҳамон беҳтар,ки хомушӣ, басар ҳар ҷост нодида.
Ба мисли Ғезанӣ бахшу ҳама аз ёдҳоро бар,
Ба рузҳои фаромушӣ , ки чун шабҳ...ЕщёДилам, к- аз хор-хори ноумедиҳост,озурда,

Ба рузҳои фаромушӣ , ки чун шабҳост,хобида.
15
Наштари хор аз забони як дилозоре расид .
Дарди ҷонкоҳе даруни ҷони ман фаввора зад ,
Ҳеҷ кас чун дард набинад ,сахт озоре расид .
Бо табар гар мезадам, беганае, боке набуд ,
Бех з-ин неши сухан к-аз ҷониби ёре расид.
Наштари хораш бигӯям , заҳр ё неши сухан ,
Чун намак андар сиришти захми беморе расид.
Руйи захми пур зи хун гардидаи аз теги хам
Худ даво ноёфта бозо , сахт минқоре расид.
Гох зи ғам бар май гурехтам, хамчу хаммор, Ғезанӣ
Соқиё, пур кун ,ки чомам боз хамиоре расид
Гар биозурдам зи шеьрам ,чамьи ерон маьзарат,
Чун зи дарди дили бигуфтам, дард гуфторе расид
Шоди орад ҳар дилеро зиннати волои гул ,
Чун зи атраш хуш бигирад хар кучоро буйи хуш,
Ҳар куҷоро нӯр бахшад , зебу зиннатҳои гул .
Ҳарза гар тасвирро чун назди гул меоварем ,
Хор бинем ину онро назди тасвирҳои гул .
Ҳар гиёҳе сар барорад , назди гул хори кашад ,
Ҳар нигохе нур бинад аз фари зебои гул .
Ҷои аввал гар дихад кас баҳри зиннат ,ину он,
Бемуҳобот мекунам ман ,ҳар замон даъвои гул.
Ҳар саҳар дидан ҷамолаш, биҳри дил равшан кунад,
Зиннати шабнам,ки бинем дар тану ҳар ҷойи гул,
Булбули хушхон , ки ҳар ҷо хушсарои
мекунад ,
Бо тамоми ҳасти бошад , ошиқу
шайдои гул .
Ҳамчу сармасте шуда масти ҷамоли
нозанин,
Нолад аз оне, ки дорад бар сараш савдои
гул.
Пиразан рафту саёҳат, домани саҳро нишаст ,
Бо хаёле , ки ҷавон аст, аз тамошоҳои гул.
Бо хирому рақсу нозаш, ваҳ чу монанди
арӯс ,
Мекунад ёди ҷавонӣ аз троватҳои гул
Лек зи гул зеботаранд зеборухон,
бинем ба чашм ,
Хор мебошад мудом , дар наздашон
саҳрои гул
Лаззате дорад ба васфаш, ...ЕщёЗиннати хусн аст воло , дар сару дар пойи гул

Лаззате дорад ба васфаш, шеър гуфтан, Ғезанӣ,
Накхате андар машому дар дил аст, маъвои
гул.