Ҷуз ба таҳсин ман чи гӯям , эътирозам бурдаӣ.
Пас намегардам зи ишқат, рафтаам, роҳи дароз,
Эй маҳи пурнози ман , роҳи дарозам, бурдаӣ
Дар самои ишқ будам , ҳамчу мурғони қафас,
Лек андар роҳи ишқат , ҳамчу бозам, бурдаӣ
Бо вуҷудат гаштаам ман аз муҳаббат бениёз,
Эй, ки андар роҳи ишқат , бениёзам , бурдаӣ
Бехудам аз он ду чашми пурхуморат нозанин,
Бо нигоҳи ноз - нозат , нағмасозам , бурдаӣ
Бо умеди гармиҳои оғуши ту рафтаам,
Чун ба ин роҳи дароз , оғӯш бозам бурдаӣ
Дилхуш аз меҳру навозиши ту ҳастам, дилнавоз,
Чун ба меҳри дилнавозат, дилнавозам, бурдаӣ.
Ҷуз ғами ишқат надорам, ман дигар сӯзу гудоз,
Эй маҳи пурнози ман , сӯзу гудозам, бурдаӣ
Ғезанӣ аз меҳри дилҷӯи ту бошад , сарфароз,
Эй, ки андар роҳи ишқат, сарфарозам бурдаӣ


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 4
Дармондаву афтода манам, як назаре кун.
Бе нӯши ягон бода шудам, масти ҷамолаш,
Маст гашта аз ин бода манам,як назаре кун
Ғайр аз ту ба ҳеҷ кас ман ин роз нагуфтам,
Чун роз ба ту бикшода манам, як назаре кун.
Дидори ту аз ман талабад чашми басират,
Чун кӯр дар ин ҷода манам, як назаре кун.
Дармондаву афтода манам, як назаре кун.
Бе нӯши ягон бода шудам, масти ҷамолаш,
Маст гашта аз ин бода манам,як назаре кун
Ҷуз ту ба кас ин роз нагуям ту бидони,
Ин роз чу бикшода манам, як назаре кун.
Дидори ту аз ман талабад чашми басират,
Чун кӯр дар ин ҷода манам, як назаре кун.