Вузӯъ бигрифта ҳар гоҳе ба зикраш Вазуҳо хонем.
Пур аз нӯр асту ҳам панд аст, каломаш Ёсину Тоҳо,
Ба дил равшан шавад имон, чу оёташ Нисо хонем.
Ҳаром шуд гулхани нораш ба ҳар хонандаи Куръон,
Чи хуш аз ибтидои умр , варо то интиҳо хонем .
Бигардем шомили раҳмат, зи сӯи кирдигори хеш,
Хама ҳамду санояшро ба ҳоли илтиҷо хонем.
Бувад ҳафт осмону даҳр, муқаррар таҳти фармонаш,
Варо бо номи Ар раҳмон ва ло арш иставо, хонем.
Ба зикри Аҳмади маҳбуб (с) ду қисмат кардани моҳаш,
Ва хам бар дасти Мусояш, бишуд мораш асо хонем
Баровард Сомро аз хок, ба назди ҳазрати Исо(а).
Зи ҳамди Солеҳаш(а) бинмуд зи санг уштур ато хонем.
Сипар бодо мусалмонро зи тири соҳиру шайтон,
Шавад малҳам ба ҳар дарде ,ки аз баҳри шифо хонем.
Факат роҳи наҷот моро, руҷӯъ бар сӯйи Раҳмон аст,
Ва гар саъйи биҳишт моро, ҳадис аз Мустафо(с) хонем.
Беҳ аз ҳар рақсу репҳое , ки пур аз фосиқу фисқ аст,
Масал аз таърихул ҳикмат, Қасас ул анбиё хонем.
Такаббур хислати хом аст ба мо, эй хокиёни даҳр,
Хушо боре, гадоро шоҳ ва хешро чун гадо хонем.
Бувад ҳайфи ҳамон умре, ки бар боди хатоҳо рафт,
Ақал то охирин фурсат , шаҳодат бар Худо, хонем.
Чу шеъри Ғезанӣ оне , ки пур аз ишқу зебоӣ,
Зи оне, ки пур аз ҳамду дур аз зуҳду риё, хонем

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11
Бе сару сомона давре, баҳри одам омада.
Боди шар бархост гӯё , адли инсони намонд,
Даври шайтон аст гӯё, одами кам омада.
Аз барои як дирам кас қадри кас чун хас кунад,
Бехудоро нохудои боз ҳам зам омада.
Беғамон аз бахри шоди, неш андар хар диланд,
Шод зистан хам насиби зишту беғам, омада.
Аз нумуи хуи зишти заҳр шуд обу хаво,
Аҳриман бо мову ман, ҳар ҷода дарҳам, омада.
Санглилон гардида масрур аз дилозории хеш,
Мазлумонро з-ин қазоват, дидаҳо нам, омада.
Қисмати неку шариро ғолибият нест-нест,
Зарбаи санги аду бо дӯст ҳамдам омада.
Ҳофизо, чанд давр бигзашт,боз ҳам даври Қамар,
Сад ҷафо бар рағми як дам лутфу озарм омада.
Ғезанӣ, дигар чи созӣ, ҳақу ноҳакро ҷудо,
Чун ғубор андар самои мулки олам омада.
Гузар аз роҳдарди зиндагӣ ,танҳост, паймуда.
Чунонам беғамам машмор ,ки ман бедарду парвоям,
Ки ҳарчанд дар назар шоду ба рӯ лабхост, хандида.
Далел аз мардиву душманнахандонист, пинҳонӣ,
Вале аз дардҳо з-ин дил, басо хунҳост, афшурда.
Қазоват мекуни касро, ки аз ҳолаш намедонӣ,
Ба ҳар дарди ниҳони ӯ , чи сон ғамҳост,борида.
Басо дунё пур аз обу басе ҳам ташна хоҳанд рафт,
Ҳамин аст сери аз дунё, ,ба лаб дарёст, хушкида.
Касе аз риштаи тағдир, гиреҳе боз натвон кард,
Ки роҳи шодии қисмат ба ғам ҳар ҷост, печида.
Набинад то маро афтода номарде,наафтодам,
Ки то ҷон бар тани озурда побарҷост,болида.
Равам хилват ман аз ҷабри ба ном аз дустон, дурӣ,
Чу булбул аз ҷафои гул, ки з-ин маъност, шурида.
Вале то вопасин реҳлат,дилам аз кинаҳо холи,
Барам бар дафтари аъмол, ҳама ноҷост,бахшида
Ҳакикат хубу дар ифошо, агар бо фитна омезад,
Ҳамон беҳтар,ки хомушӣ, басар ҳар ҷост нодида.
Ба мисли Ғезанӣ бахшу ҳама аз ёдҳоро бар,
Ба рузҳои фаромушӣ , ки чун ша...ЕщёДилам, к- аз хор-хори ноумедиҳост,озурда,

Ба рузҳои фаромушӣ , ки чун шабҳост,хобида.
Чу ҳар дам қиммат аст охир, ғаниматро намедонанд.
Ҳақиқат гуфта бар роҳи ҷаҳолат рафтаанд, афсӯс,
Зи ҳақ дур мондааанд, роҳи ҳақиқатро намедонанд.
Сиёқи ҳалқаи Ислом, каломи ваҳдат аст, охир,
Чи гуям баҳри онҳое, ки ваҳдатро намедонанд.
Зананд доди ҷиҳоду ҷангҳои бесару сомон,
Қазо чун толиби ақл аст, қазоватро намедонанд.
Агарчи дар ҷамал роҳи Зубайру Талҳа барҳақ буд,
Чи кард Шери Худо охир, сиёсатро намедонанд.
Ватан худ хонаи амн аст зи миннатҳои ағёрӣ,
Чу захми ханҷар аст, теғи маломатро намедонанд
.Садоқат бар саодат худ мудорои шарафмандист,
Зананд доди шараф, аммо шарофатро намедонанд.
Ҷаҳолат гар фузун ояд, чи ҷои адлу оромӣ,
Муруват мояи адл аст, адолатро намедонанд.
Ҳимоғат нест то роҳи шууру маърифат ҷӯянд,
Хирад гум кардаанд, гӯё фаросатро намедонанд.
Каломи Ғезанӣ саҳл аст ба побандони ҷаҳлонӣ,
Басар бикшода андар сар, басиратро намедонанд
Исломчон Маҳмуди Ғезанӣ